Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркише дар назди KFC Пешовар се нафарро кушт


Таркиши бомае дар наздикии тарабхонаи амрикоие дар шаҳри Пешовари Покистон се кушта бар ҷой гузошт. Таркише дар наздикии тарабхонаи мавсум ба KFC, ки ғизои зудпухти назири Макдоналдзро пешкаш мекунад, яке дигар аз ҳамлаҳои ҷангиёни марбут ба гурӯҳи Толибони Покистон мебошад. Афзоиши мавҷи ҳамлаҳои шӯришиён дар моҳҳои охир дар саросари Покистон аз ҷониби мақомоти Исломобод чун посухи ҷангиён ба амалиёти густардаи артиш алайҳи пойгоҳҳои Толибон дар марз бо Афғонистон арзёбӣ мешавад. Дар паи таркиши масҷиде дар шаҳри Равалпиндӣ, ки маҳалли ибодати сарбозони артиши маҳаллӣ будааст, 37 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG