Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама дар охири нишасти Копеҳаген ҳозир мешавад


Кохи Сафед гуфт, ки раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар қисмати ниҳоии нишасти СММ марбут ба тағйироти иқлим иштирок мекунад. Ӯ қарор буд дар оғози кори ин нишаст, ки дар Копенҳаген рӯзи 7 декабр шурӯъ шуда 12 рӯз идома мекунад, ҳозир мешуд. Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст, ки Барак Обама аз ташкили ин ҳамоиш, ки хеле “ташвиқкунанда” будааст, истиқбол мекунад. Тасмими Обамаро нахуствазири Дания Ларс Локке Расмуссен хуш пазируфт ва гуфт, ки иқдоми Обама шонси ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳро бештар мекунад. Дания умед дорад, ки дар ин нишасти ҳалкунанда ниҳоят санади ивазкунандаи протоколи Киото қабул мешавад, ки коҳиши газҳои гулхонаиро дар саросари ҷаҳон ва ба вижа давлатҳои аслии санъатии сайёра дар назар мегирад.
XS
SM
MD
LG