Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳмияҳои Роғун аз соли нав ба фурӯш мебарояд


Дар оғози соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон саҳмияҳои нирӯгоҳи барқи обии Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба фурӯш мегузорад. Дар ин бора вазири молияи кишвар Сафаралӣ Нажмиддинов изҳороте пахш кард ва гуфт, ки онҳое, ки саҳмияҳоро ба маблағи беш аз 5000 сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертификати вижае хоҳанд шуд, ки бар тибқи он исми онҳо ба унвони саҳҳомдорони хоси Роғун сабт хоҳад шуд. Барои ҷилавгирӣ аз тақаллуби саҳмияҳо ҳар як коғаз аз чаҳор рамзи ҳимояткунанда иборат мешавад. Фурӯши саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, вазоратхонаҳову муассисаҳои давлатии кишвар ба роҳ монда мешавад. Баъди ба кор даромадани нирӯгоҳи Роғун ҳар як саҳҳомдор ҳақи фурӯши саҳмияи худро ба нафари дигар ба даст меорад, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон. Ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон харида метавонанд.
XS
SM
MD
LG