Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се коргар дар Маскав


Бархе хабаргузориҳои русӣ дар бораи ҳодисаи заҳролуд ва ба ҳалокат расидани се коргари кироя дар минтақаи шимолу шарқи Маскав хабар медиҳанд. Ин ҳодиса дар нисфишаби гузашта дар чоҳи зеризаминие рӯй дода гуфта мешавад, ки ҳалокати коргарон бар асари заҳролудшавӣ аз гази метан ба қайд гирифта шудаасст. Ин чоҳ дар зери хиёбонҳои Маломосковская ва Ярославская ҷойгир будааст. Ҳуввияти ин афрод ҳанӯз мушаххас нашудааст.
РИА Новости мегӯяд, чанд сол пеш айнан ҳамингуна ҳодисаи заҳролудшавӣ дар чоҳи зеризаминӣ ҷони панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро гирифта буд. Ҳодисаи мазкур дар шаҳри Лобнеи ноҳияи Митишино рӯй дода буд.
XS
SM
MD
LG