Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи ағбаи Анзоб ва мавзеъи Майхура, ки ду рӯз зери барфу тарма буд, пурра тоза шуда, ва мошинҳову мусофирон аз банд раҳо шудаанд.

Ду рӯз қабл тарма дар панҷ мавзеъ дар роҳи ағбаи Анзоб, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, бештар аз дусад мошинро банд карда буд.

Тарма дар километрҳои 64-ум, 72-юм, 73-юм ва 74-уми ин шоҳроҳ фуруд омада ва ҳамчунин роҳи баромад аз нақби Истиқлол дар ағбаи Анзобро аз ҷониби Душанбе низ банд карда буд.

Ба қавли Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, ин офати табиӣ ҳеҷ қурбоние ба дунбол надошт.

Хабарнигори Озодӣ дар минтақаи Зарафшон Шоҳини Равшан гуфт, ҳамакнун роҳи мошинҳо боз шуда, ва равуои мошинҳо идома дорад. Ба гуфтаи Шоҳини Равшан, мошинҳои борбар низ нақбро убур кардаанд ва феълан дар мавзеъи Майхӯра ҳаракат ба таври маъмулӣ идома дорад.

Ниҳодҳои марбут феълан дар маҳалли ҳодиса кор бурда истода ва роҳҳоро тоза доранд.
XS
SM
MD
LG