Пайвандҳои дастрасӣ

Қуръаи ниҳояти Ҷоми ҷаҳон кашида шуд


Бозигарони мунтахаби Словения пас аз пирӯзӣ бар Русия

Бозигарони мунтахаби Словения пас аз пирӯзӣ бар Русия

Дар шаҳри Кейптаун, дар Африқои Ҷанубӣ, ки тобистони соли оянда мизбони марҳилаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2010 хоҳад буд, қуръаи ин сабқатро кашиданд.

Бино бар ин қуръакашӣ, намояндаи Осиё, Кореяи Шимолӣ, ки пас аз соли 1966 бори нахуст боз ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон омадааст, дар як гурӯҳ бо қаҳрамони феълии ҷаҳон – Бразилия бозӣ хоҳад кард. Кореяи шимолӣ, ҳамчунин шонс хоҳад дошт, ки интиқоми худ барои шикаст дар чаҳорниҳоии 1966-ро аз Португалия бигирад.

Кореяи дигарӣ, Кореяи ҷанубӣ дар як гурӯҳ бо абармунтахаби дигари қораи Амрикои лотинӣ - Аргентина рубару хоҳад шуд. Кореяи ҷанубиро дар гурӯҳаш ҳамчунин абардастаи африқоӣ - Нигерия низ интизор аст.

Бахти намояндаи дигари Осиё – Ҷопон низ омад накард. Ҷопониҳо барои роҳхат ба даври дигар бояд аз Ҳолланду Камерун беҳтар бошанд.

Мунтахабе, ки исми Русияро аз феҳрасти қуръаи имрӯза хат зад – Словения, дар гурӯҳе афтидааст, ки роҳхат ба даври дигар барояш орзуи иҷронашаванда нахоҳад буд.

Натиҷаи комили қуръакашӣ ба ин тариқ аст:


Гурӯҳи А: Африқои ҷанубӣ, Мексика, Уругвай, Фаронса

Гурӯҳи В: Аргентина, Нигерия, Кореяи ҷанубӣ, Юнон

Гурӯҳи С: Инглистон, ИМА, Алҷазоир, Словения

Гурӯҳи D: Олмон, Австралия, Сербистон, Гана

Гурӯҳи Е: Ҳолланд, Дания, Ҷопон, Камерун

Гурӯҳи F: Италия, Парагвай, Зеландияи нав, Словакия

Гурӯҳи G: Бразилия, Кореяи шимолӣ, Кот-д’Иувар, Португалия

Гурӯҳи Н: Испания, Швейтсария, Гондурас, Чили


Ёдовар мешавам, Талоши мунтахаби Тоҷикистон дар ин сабқати Ҷоми ҷаҳон-2010 ҳанӯз ду соли қабл бо бохт аз Сингапур дар марҳилаи дуввуми интихобӣ анҷом ёфта буд. Он замон Тоҷикистон дар Сингапур 0:2 шикаст хӯрда буд ва дар Душанбе танҳо ба ҳисоби мусовии 1:1 даст ёфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG