Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки нахустин гирифторони зукоми наву хатарнокро сабт кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамзамон дар кишвар хуруҷи зукоми мавсимӣ ба мушоҳида мерасад ва садҳо нафар гирифторони ин беморӣ бо усулҳои мухталиф худро табобат мекунанд.

Вале маъмулан мардуми Тоҷикистон зукоми маъмулиро ҷиддӣ намегиранд ва ҳатто тадобире барои пешгирӣ аз сирояти зуком намеандешанд. Дар кӯчаву хиёбон ва дохили мусофирбару дигар ҷоҳои ҷамъиятӣ тақрибан касеро бо ниқоби тиббӣ пайдо намешавад кард.

Ҳарчанд дар мактабҳои миёна устодон харидани ниқобҳои тиббиро ба толибилмон ҳатмӣ эълом кардаанд ва шогирдон низ чунин ниқобҳоро харидаанд, аммо ҳатто дохили синфхонаҳо шогирдони зиёд бе ниқоб менишинанд.

Ин аст, ки радиои «Озодӣ» дар як гузориши видеоӣ таваҷҷӯҳи мардум дар роҳи ҷилавгирӣ ва табобат аз зукомро тақдими шумо мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG