Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасманзар


Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страсбурги Фаронса ҳукм кард, ки Русия барои нақзи ҳуқуқи Раҳматулло Назаров, шаҳрванди Тоҷикистон, ба ӯ 15 ҳазор евро товон ва инчунин 3,5 ҳазор еврои дигар харҷи ҳуқуқӣ бипардозад. Михаил Овчинников, вакили мудофеи ҳуқуқи Назаров, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Владимир гуфт, нафари таҳти ҳимояташ дар соли 2006 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Фрунзеи Русия барои се сол равонаи зиндон шуда буд. Чоруми апрели соли 2004 алайҳи Раҳматулло Назаров парвандаи ҷиноятӣ боз карданд ва худи ҳамон рӯз дар минтақаи Владимири Русия ба ҳабс гирифтанд. Милисаи Русия Назаровро дар қочоқ ва нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG