Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Босния ба барномаи НАТО ноил нашуд


Вазирони умури хориҷаи НАТО имрӯз Барномаи иқдомоти Черногория барои узвият дар ин созмонро тамдид карда ва аз пешниҳоди чунин барнома ба Босния худдорӣ варзиданд. Нуқтаи ниҳоии барномаи мазкур, узвияти кишвар дар НАТО аст. Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли НАТО гуфт, ноил нашудани Босния ба барномаи мазкур, ояндаи он барои узвият дар паймони мазкурро зери шубҳа намегузорад. Ба гуфтаи дипломатҳо, Олмону Бритониё ва Фаронса, гуфтаанд, бо назардошти ихтилофоти этникӣ Босния ҳоло шоистаи гирифтани барномаи иқдомот барои узвият дар НАТО нест. Туркия ва даҳ кишвари наздик ба Босния гуфтаанд, ки додани ин барнома ваҳдат дар ин кишварро тақвият мебахшад, аммо бенатиҷа.
XS
SM
MD
LG