Пайвандҳои дастрасӣ

Як назархоҳии умумӣ нишон додааст, аксарияти амрикоиҳо чунин меандешидаанд, ки Амрико дар иртибот ба умури байналмилалӣ “бояд кори худашро кунад”.

Муассисаи таҳқиқи афкори умуми Пю, ки аз 2 ҳазор нафар доир ба нақши Амрико дар умури ҷаҳонӣ пурсидааст, ба чунин хулоса омадааст, ки дар Иёлоти Муттаҳида эҳсоси инзивохоҳӣ дар миёни мардуми Амрико назар ба чаҳор даҳсолаи гузашта бисёр боло гирифтааст. Дар назархоҳӣ 49 % гуфтаанд, Амрико бояд аз умури хориҷӣ даст кашида ва бигузорад, то кишварҳои дигар, худашон ба қадре, ки метавонанд, корашонро пеш баранд. Маркази мазкур, чунин посухро тайи чиҳил соли гузашта аз амрикоиҳо нашунида буд ва ҳафт соли пеш фақат танҳо 30 % тарафдори канорагии Амрико аз умури ҷаҳонӣ будаанд.

Эндрю Коҳат, мудири маркази таҳқиқотии “Пю”, натиҷаҳои пурсишро, “авҷи фавқулоддаи тамоюли инзивогароӣ” номида ва сабабҳои эҳтимолии онро чунин шарҳ дод:

«Ба андешаи ман, як омили ин таваҷҷӯҳи амрикоиҳо ба иқтисоди бади кишвар аст ва ҳамчунин эҳсоси нохуб аз ҷаҳон. Ҳоло мо шоҳиди ду ҷанге ҳастем, ки ба андешаи ҷомеа хуб пеш намераванд, нигаронӣ аз терроризм ҳатто афзунтар аз чаҳор соли пеш аст. Аз ин рӯ, ҷомеаи Амрико чандон ба бақияи ҷаҳон алоқаманд нест.»

Дар баробари авҷ гирифтани тамоюли инзивогароӣ, ҳамчунин тамоюли дигаре дар байни амрикоиҳо афзудааст ва он ҳам эҳсоси амалкарди якҷониба. 44%-и амрикоиҳо гуфтаанд, Амрико қудтратмандтарин кишвари дунёст ва бояд дар умури байналмилалӣ бо хости худаш амал кунад ва дар андешаи он набошад, ки оё кишварҳои дигар бо он мувофиқанд ва ё на.

Назарпурсии мазкур ҳамчунин нишон додааст, ки сиёсати умури хориҷии Барак Обама, аз ҷумла дар қиболи Афғонистон ҳавохоҳи зиёде надоштааст. Дар назархоҳӣ, ки пеш аз эъломи Барак Обама доир ба ирсоли 30 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон анҷом шудааст, танҳо 32 дарсад тарафдори фиристодани нерӯҳои тоза ба ҷанг будаанд. Чиҳил дарсад гуфтаанд, ки мехостанд, теъдоди нерӯҳои Амрико дар он ҷо камтар бошад. Ҳамчунин камтар аз нисфи назардодагон гуфтаанд, агар ҳатто нерӯҳои хориҷӣ ба мисли Амрико дар Афғонистон набошанд, худи Афғонистон ба пои худ истода ва метавонад ба Толибон муқовимат кунад.

Ҷеймс Линдсей, мудири бахши пажӯҳишии Шӯрои равоботи хориҷии Амрико, ва аз дигар муаллифони пажӯҳиш гуфт, натиҷаҳои назархоҳӣ бад ин маънист, Барак Обама ба мушкил ба рӯ рӯст, зеро талош дорад, то нишон бидиҳад, ки Амрико бояд бештар ба масоили Афғонистон расидагӣ кунад.

«Ба тахмини ман, то он вақте ки ҷомеа ва андешамандони бонуфуз ба ин андеша бошанд, ки мушкили Афғонистонро ҳал карда намешавад, нигаҳ доштани ҳимояти қавии мардумӣ аз ҳузури Амрико дар Афғонистон бисёр сахт хоҳад буд.»

Назархоҳӣ ҳамчунин нишон додааст, ҳоло бештар аз 51 дарсади мардуми Амрико аз сиёсати умури хориҷаи Барак Обама розианд.
XS
SM
MD
LG