Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон нерӯгоҳи атомӣ месозад


Ҳукумати Арманистон мегӯяд, қасд дорад, ҳамроҳ бо Русия як нерӯгоҳи барқи атомии наверо дар он кишвар бунёд кунад. Бино ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ нерӯгоҳи мазкур бо тавоноии 1000 мегават, нерӯгоҳи қадимаи барқи атомии Арманистонро иваз хоҳад кард. Реактори атомии Арманистон, танҳо чиҳил дар сади ниёзҳои кишвар бо нерӯи барқро бароварда месозад ва нерӯгоҳи нав ду баробари он тавоноӣ хоҳад дошт. Ҳукумати Арманистон гуфтааст, ки барои бунёди нерӯгоҳи атомӣ, бо Русия корхонаи муштараке таъсис дода ва саҳмияҳояш баробар тақсим мешавад. Қиммати аввалияи тарҳи мазкурро тақрибан 5 миллиард доллар гуфтаанд.
XS
SM
MD
LG