Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «Тоҷиктрансгаз»-и Тоҷикистон тасмим дорад, дар соли оянда 400 миллион метри мукааб гази Узбакистонро харидорӣ кунад. Азбаски, Тоҷикистон пули газро бояд пешпардохт кунад, вале «Тоҷиктрансгаз» тавони молии пешпардохти миқдори зарурии газро надорад, дар соли оянда гази камтар аз Узбакистон харидорӣ хоҳад шуд.

Қиммати ҳар ҳазор метр мукааб гази Узбакистон барои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 240 доллар буд, вале аз 530 миллион метри мукааб гази тавофуқшуда танҳо 188 миллион метри мукааб ворид шудааст, ки камтар аз 54 дарсади муқарраргардида мебошад ва 45 миллион доллар арзиш дорад. Узбакистон ба далели пардохт нашудани маблағи газ аз сӯи Тоҷикистон интиқоли онро борҳо дар тӯли сол коҳиш дод ва Тоҷикистонро шарики беэътимод хонд.

Дар ҳоли ҳозир, дар соат қариб 8 ҳазор метри мукааб газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, ки 6 ҳазор метри мукааби он аз сӯи корхонаи алюмин масраф мешавад.

Ҳамакнун, суоли матраҳ ин аст, ки оё соли оянда Узбакистон омода аст, то бо «шарики беэътимод» қарордод имзо кунад? Фаридун Муҳиддинов, ёвари раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз», дар посух ба ин суол гуфт: «Узбакистон ба мо газ мефурӯшад. Чӣ қадаре, ки пули онро пешпардохт кунем, ҳамон миқдор ба мо мефурӯшад. Аз сӯи дигар, Узбакистон ҷузъ Тоҷикистону Қирғизистон бозори минтақавӣ ва мувофиқ надорад. Ночор аст, ки газашро ба мо бифурӯшад. Фурӯши газ ба Қирғизистон барои Узбакистон судманд нест, зеро роҳи интиқол тӯлонист ва талафоти газ зиёд мешавад. Фосилаи интиқоли газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон наздик аст. Ба ин далел, Узбакистон манфиатдор аст, ки газро ба мо бифурӯшад. Мо қарзҳоро имсол комилан пардохт кардем.»

Ширкати «Тоҷиктрансгаз» умедвор аст, ки қиммати газ имсол арзонтар хоҳад шуд, чун он дар бозорҳои ҷаҳонӣ 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Феълан, «Тоҷиктрансгаз» тавассути номае мақомоти Узбакистонро дар ҷараён гузошта, қиммати гази харидориро низ тахмин задааст. Вале дар ин бора иттилоъи бештар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сиёсатмадорон ва мақомдорони давлати Тоҷикистон бар инанд, ки масъалаи воридоти газ аз Узбакистон ба мухолифатҳои он кишвар ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон гиреҳ хӯрдааст. Коршиносон мегӯянд, Узбакистон ба дунболи иҷозат надодан ба транзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз системи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ, имкон дорад, ба Тоҷикистон газ низ надиҳад.

Вале Баҳодур Ҳабибов, коршинос, мегӯяд, дар сурати саривақт напардохтани пули газ Узбакистон ҳақ дорад, ки воридоти онро қатъ кунад. Агар Тоҷикистон пули газро пешпардохт карду, Узбакистон интиқоли онро қатъ кард, дар он сурат метавон гуфт, ки ин иқдом ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG