Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни ҳамла дар Равалпиндӣ


Дар Покистон имрӯз афроди мусаллаҳ бо ҳамла ба як масҷид дар шаҳри Равалпиндӣ даҳҳо нафарро куштаву захмӣ карданд. Теъдоди қурбониёни ҳамла, ки зимни намози ҷумъа сурат, маълум нест. Аммо Раҳмон Малик – вазири умури дохилаи Покистон гуфт, дар ҳамла дасти кам 30 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти пулис ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар назди масҷид, начандон дуртар аз қароргоҳи сарбозон дасти кам як таркиш шунида шудааст. Равалпиндӣ, ки танҳо чанд километр дуртар аз Исломобод, дуртар аст, маҳалли қароргоҳҳои аслии артиши Покистон мебошад.
XS
SM
MD
LG