Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунрезӣ дар масҷиди Равалпиндии Покистон


Дар Покистон имрӯз афроди мусаллаҳ бо ҳамла ба як масҷид дар шаҳри Равалпиндӣ даҳоо нафарро куштаву захмӣ карданд. Мақомоти амниятӣ ва беҳдоштӣ мегӯянд, дар ин ҳамла 14 нафар кушта ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бар асоси гузоришҳои қаблӣ, дар назди масҷид, дасти кам як таркиш шунида шудааст. Мақомот нигаронанд, ки теъдоди қурбониён хоҳад афзуд, зеро эътиқодмандони зиёде барои гузоштани намози ҷумъа ба масҷид омада будаанд. Равалпиндӣ, ки танҳо чанд километр дуртар аз Исломобод, дуртар аст, маҳалли қароргоҳҳои аслии артиши Покистон мебошад. Ин шаҳр ду маротиба дар вақтҳои ахир мавриди ҳамлаи ифротгароён қарор гирифт, ки артиши Покистон амалиётеро барои маҳви онҳо дар манотиқи марзии Афғонистон идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG