Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бангладеш шоҳиди фалокати дигар шуд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари вожгун шудани як киштии дигар дар Бангладеш, имрӯз 35 нафар ҳалок ва 10 тани марӯҳ шуданд. Баъзе аз қурбониён ба гуфтаи пулис, кӯдакон будаанд. Дар маҷмӯъ киштӣ 100 нафар мусофир доштааст. Бори дуввум аст, ки дар як ҳафта дар Бангладеш чунин ҳодиса рух медиҳад. Рӯзи ҷумъа, як киштӣ бо 1500 мусофираш дар наздикии бандар вожгун шуд, ки дар натиҷа дасти кам 87 нафар ҷон доданд ва даҳҳо нафари дигар ҳанӯз ҳам бенишонанд.
XS
SM
MD
LG