Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дидори навбатӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шаффофияти интихоботи парлумониро кафолат дод ва хамчунин аз мақомоти иҷроия такозо кард, ки дар ташкили як парлумони демократӣ мусоидат кунанд.

Президенти Тоҷикистон зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ бори дигар ваъда дод, ки кафили баргузории интихоботи шафофу демократӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо раҳбарони ҳизбу созмонҳои сиёсии кишвар даъват кард, ки аҳли ҷумҳурӣ дар сохтмони нерӯгоҳи
Президент такроран кафилии худро эълон карданд, ки ҳатман интихоботи парлумони шафоф хоҳад гузашт. Ва банда ҳам гуфтам, ки қонун дар бораи интихобот камбудиҳо дорад, вале агар ваъдаи президент амалӣ шавад, камбудиҳои қонун ҷуброн мешавад...
обии барқии Роғун фаъолона саҳм гиранд. Вале мавзӯи нишасти навбатии Шӯрои Ҷамъиятӣ интихоботи парламентии соли оянда буд ва дар ин робита Раҳмон гуфт: «Ман ба унвони раиси ҷумҳур тамоми озодиҳои воқеии шаҳрвандони Тоҷикистонро кафолат медиҳам. Ва аз ниҳодҳои давлатӣ қотеъона талаб мекунам, ки дар ҳама сатҳ қавонини Тоҷикистон дар бораи интихоботро бо назардошти таъминоти молӣ ва маънавии онҳоро иҷро кунанд.»

Иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон низ бештар хостори матраҳ намудани қавонини интихобот шуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфт, ки вохӯрии навбатии раиси ҷумҳур, нисбати вохӯриҳои қаблӣ тафовут дошт. Қаблан иддае аз аъзои Шӯро садоқатмандиву вафодории хешро ба президент намоиш медоданд ва ӯро таърифу тавсиф мекарданд. Аммо ин навбат бо ташаббуси худи президент, ба ин гуна намоишкориҳо кам роҳ дода шуд. Ва Эмомалӣ Раҳмон бо самимият ва ҷиддан ба масоили муҳими сиёсӣ рӯ овард ва пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсиро шунид ва то ҷое қобили мулоҳиза ҳам донист.

Кабирӣ гуфт, ки мавзӯи аз ҳама муҳим сохтмони нерӯгоҳи Роғун буд. Ва президент ҳам бо таври шаффоф ва самимона ба мардум рӯ овард, то ки дар ин лоиҳаи умумиллӣ шарик бошанд. Ва мардум ва ҳизбҳои сиёсӣ мавқеи худро мушаххас кардаанд.

Кабирӣ афзуд: «Чун дар арафаи интихобот аст ва ҷаласа низ ба ин маърака рабт дошт. Президент такроран кафилии худро эълон карданд, ки ҳатман интихоботи парлумони шафоф хоҳад гузашт. Ва банда ҳам гуфтам, ки қонун дар бораи интихобот камбудиҳо дорад, вале агар ваъдаи президент амалӣ шавад, камбудиҳои қонун ҷуброн мешавад».

Ба гуфти пешвои ҲНИТ ҳарчанд президент бори дуввум аст, ки ваъдаи кафолати интихоботи шаффофро медиҳад. Аммо боз ҳам ҳизбҳои сиёсӣ бештар ба он назаранд, ки то куҷо ин ваъда ба ҳақиқат наздик аст, дар худи интихобот ва натиҷаҳои он маълум мегардад.

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) гуфт, президент кафолати интихоботи шаффофро медиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки воқеан интихоботи шаффоф таъмин аст. Ба қавли номбурда таъмини шаффофият танҳо дар даровардани тағийру иловаҳо дар қонун дар бораи интихобот ба даст хоҳад омад.

Сиёсатшинос Абдуғанӣ Муҳаммадазимов афзуд, ки қадами якум дар ин ҷаласа пешниҳод дар бораи даровардани иловаҳо ба қонуни интихобот буд, вале нашуд. Дуввум, ин дахолат накардани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба рафти интихобот буд, ки президент ин ваъдаро дод. Агар дахолати ин мақомот манъ карда шавад, мешавад гуфт, ки интихобот шаффоф мегузарад. Дигар ин таҳкими ваҳдати миллӣ аст.

Дар ин вохӯри роҳбарони 7 ҳизби сиёсӣ, иштирок доштанд. Раҳматилло Зоиров раиси Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) бо далели он ки аъзои Шӯрои Ҷамъиятӣ нест, дар ин ҷаласа ширкат надошт. Ҳарчанд ки роҳбарияти ин ҳизб ба унвонии Шӯрои Ҷамъиятӣ мактуб ирсол дошта, хостори иштирок дар ин ҷаласа шудааст, Шӯрои Ҷамъиятӣ бо далели он, ки ин ҳизб аъзои он нест, дархости ҲСДТ –ро рад кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG