Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба ихроҷи Нигина Баҳриева аз Бишкек


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мамнӯъияти вуруди ҳуқуқшиноси тоҷик, Нигина Баҳриева ба Қирғизистонро маҳкум кард ва мақомоти ин кишвар талаб намуд, ба сафари ҳомиёни ҳуқуқи инсон монеъ нашавад.

Нигина Баҳриева, ҳомии ҳуқуқи башар, ки 2 декабри соли ҷорӣ барои ширкат дар як нишасти байнулмилалӣ аз Душанбе ба Бишкек парвоз кард, дар фурудгоҳи Манас боздошт гардида, ба Тоҷикистон бозпас гардонида шуд. Ба гуфти Нигина Баҳриева дар фурудгоҳи Манас ба ӯ гуфтанд, ки то соли 2012 ворид шуданаш ба Бишкек манъ аст.

Вай афзуд: «Ман бо даъвати ташкилоти ҷамъиятии «Садои Озодӣ» барои гузаронидани тренинг оид ба ҳуқуқи инсон ба Қирғизистон сафар карда будам. Замони убур аз марз дар фурудгоҳ , шиносномаи маро аз назар гузаронида, аз ҳамонҷо маро баргардониданд. Сабабҳояшро ба ман шарҳ надоданд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ ман дар як нишаст дар Қирғизистон иштирок карда будам ва ин боиси мушкилот ба мақомот шудааст».

Мақомоти Қирғизистон то ҳанӯз сабаби манъи вуруди ҳуқуқшинос Баҳриеваро ба ин кишвар расман шарҳ надодаанд. Вале ин мақомот дар шиносномаи Баҳриева мӯҳр заданд, ки то 5 соли дигар ҳаққи вуруд ба Қирғизистонро надорад.

Хонум Баҳриева мегӯяд, ки фаъолияташ ба ҳайси ҳуқуқшиноси мустақил ва байналмилалӣ ягон ангезаи сиёсӣ надорад. Ва ҳамкасбони ӯ низ дар Бишкеке то ба ҳанӯз сабабҳои рух додани ин ҳолатро дақиқ накардаанд. Ва ин аввалин ҳолатест ки воридшавиии ӯро ба як кишвар манъ кардаанд.

Ҳамкасби ӯ аз Қирғизистон Азиза Абдурасулова, ки аз ин ҳодиса бохабар мебошад, сабаби ҷилавгирӣ аз вуруди Нигина Баҳриева ба Бишкекро шарҳ дода гуфт, ки таи чанд соли ахир аст, ки мақомоти амниятии Қирғизистон вуруди ҳомиёни ҳуқуқи башар аз кишварҳои дигарро иҷоза намедиҳанд. Хусусан, онҳоеро, ки дар миқёси байналмилал қарор доранд. Чанд тан аз ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла Нигина Баҳриева, аз тарафи хадамоти амнияти Қирғизистон ба феҳрасти шаҳрвандони мамнӯъулвуруд ворид шудаанд.

Раҷаби Мирзо рӯзноманигори мустақили тоҷик, бар ин назар аст ки "дар Осиёи Марказӣ бо ҳар баҳона, дар ҳар кишваре ки ҳукуматаш бозу шафоф нест, аз ҳама чиз тарс доранд ва ана ҳамингуна ҳолатҳоро ба вуҷуд меоранд. Ва ҳатто метавонанд дар сатҳи давлатдорӣ мушкил пеш оранд. Яъне боз ҳам масъала ба он рабт мегирад, ки то куҷо як кишвар демократӣ аст. Дар он ба ҳуқуқи инсон арҷ гузошта мешавад ё не. То ба имрӯз Қирғизистон ба унвони ҷазираи демкоратия ба Осиёи Марказӣ ном бурда мешуд, имрӯз бештар ба бунёди як давлати авторитӣари қадам мегузорад."

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки манъи вуруди ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба Қирғизистон то рафт шакли тамоюли сиёсиро касб мекунад. Ин ниҳоди байнулмилалӣ аз мақомоти Қирғизистон хостааст, ҳама гуна маҳдудияти сафари ҳомиёни ҳуқуқро ба Қирғизистон фавран лағв намояд.

Ду ҳафта пеш мақомоти Қирғизистон фиристодаи созмони "Мемориал" Баҳром Ҳамроевро боздошту бозпурсӣ ва аз кишвари худ ихроҷ карданд. Ҳамкори қирғизи ӯ, Иззатулло Раҳматуллоев низ боздошт ва бозпурсӣ шуда, як рӯзро дар маҳбас ба сар бурд. Пеш аз ин ҳодиса, мақомоти Қирғизистон ба раиси барномаи Осиёи Марказӣ дар созмони "Мемориал" Виталий Пономарев иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд. Ин маҳдудият дар ҳолате ҷорӣ шуд, ки Пономарев дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон як гузориши 24-сафҳагӣ ба нашр расонд.
XS
SM
MD
LG