Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти НАТО-Русия шурӯъ мешавад


Қарор аст, имрӯз Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия, бо ҳамкоронаш аз кишварҳои узви НАТО, дар шаҳри Брюссел гуфтӯгу кунад. Мулоқоти мазкур дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои НАТО-Русия сурат мегирад, ки нахустин мулоқоти расмии Русияву НАТО баъди ҷанги Русия бо Гурҷистон аст. Ба думболи ин ҷанг бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони Ҷанубӣ дар моҳи август, НАТО муносиботаш бо Русияро мутаваққиф карда буд. Бино ба гуфтаи дипломатҳо, интизор меравад, ки НАТО ва Русия дар ҷараёни нишаст се санад, санади арзёбиҳои муштараки таҳдиду масоили амниятӣ дар асри 21, барномаҳои ҳамкориҳои НАТО ва Русия барои соли 2010 ва санаде доир ба ҳадафҳои ояндаи Шӯрои НАТО-Русия имзо шавад.
XS
SM
MD
LG