Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони Украина ва Иттиҳодияи Аврупо мулоқот мекунанд


Имрӯз дар шаҳри Киев мулоқоти навбатии раҳбарони Украина ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад. Дар арафаи ин нишаст раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо гуфт, намояндагони кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд Украинаро барои ислоҳот дар робита ба қаробати бештар бо Иттиҳодияи Аврупо, қабл аз ҳама, дар бахши мубориза бо фасод даъват кунанд.
Қарор аст дар ин нишаст ҳамчунин мавзӯъи амнияти энерҷӣ баҳсу баррасӣ шавад. Брюссел аз он нигарон аст, ки шояд интиқоли гази Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз тариқи қаламрави Украина ба мушкил мувоҷеҳ шавад.
XS
SM
MD
LG