Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полански имрӯз маҳбасро тарк мекунад


Коргардони маъруфи синамо Роман Полански аз маҳбаси шаҳри Сюрих ба дигар маҳбас гузаронида шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, мақомоти Швейсария ба кадом маҳбас интиқол додани Поланскиро махфӣ нигаҳ медоранд ва инро бо далелҳои амниятӣ марбут мекунанд.
Ва аммо коргардони маъруф дар ин маҳбас фақат чанд соатро сипарӣ хоҳад кард. Қарор аст рӯзи ҷумъа Полански, ки барои раҳоияш аз маҳбас чаҳору ним миллион доллар гаравпулӣ пардохт шудааст, маҳбасро тарк намояд. Вале баъди раҳоӣ ӯ. то рушан шудани мавзӯъи истирдодаш ба Амрико, дар Швейсария дар ҳабси хонагӣ боқӣ хоҳад монд.
Роман Полански рӯзи 26 сентябр дар шаҳри Сюрихи Швейсария боздошт шуда буд. Дар ҷашнвораи синамо дар ин шаҳр ба ӯ бояд ҷоиза барои саҳми бузург дар синамои ҷаҳониро эҳто мекарданд. Таҳиягари маъруф барои алоқаи ҷинсӣ бо Саманта Геймери 13 сола дар соли 1977 айбдор мешавад. Ӯ соли 1978 ба хотири муҷозот нашудан Амрикоро тарк кард ва муқими Фаронса шуд. Баъди ин Полански боре ҳам ба ИМА нарафт ва аз сафар ба Британия ҳам худдорӣ мекард, зеро имкон дошт он ҷо ӯро боздошт ва ба Амрико истирдод кунанд.
XS
SM
MD
LG