Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Вотикан равобити дипломатӣ барқарор карданд


Русияву Вотикан равобити дипломатӣ барқарор карданд. Намояндагии Русия дар Вотикан ба сафорат табдил хоҳад ёфт. Дар ин бора ахиран раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев фармоне имзо кард. Дирӯз Дмитрий Медведев ва Попи Рум Бенедикти 16 дар Вотикан бо ҳам мулоқот карданд ва ба навиштаи хабаргузориҳо, масоили марбут ба муколамаи фарҳангу адёни гуногун ва маосили байнулмилалиро баррасӣ намуданд.
Аз ин пеш раисиҷумҳури Русия бо сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ музокирот анҷом дод ва ба думболи ин онҳо чанд созиш дар бахши иқтисод, фарҳанг ва ҷаҳонгардиро имзо карданд. Гуфта мешавад, ки, аз ҷумла, дар бораи ҳамкории ширкатҳои “Газпром”-и Русия ва “ЭНИ”-и Италия ёддошти тафоҳум имзо шудааст.
XS
SM
MD
LG