Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ ҳамла дар Сомалиро маҳкум кард


Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористӣ дар Сомалиро, ки бар асари он дасти кам 19 нафар, аз ҷумла, се вазир кушта шуданд, қатъӣ маҳкум кард. Дар изҳороти Шӯрои амният аз “ҳамла ба афроде, ки барои фардои осоишта ва босуботи Сомалӣ кор мекунанд”, изҳори нигаронӣ шудааст. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, як маргталаб бо либоси занона дар маросими хатми коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Могадишо, пойтахти Сомалӣ, ҳозир шуда худро таркондааст. Бештари кушташудагон – табибон ва донишҷӯён буданд. Мақомоти Сомалӣ дар ташкили ин ҳамла гурӯҳи “Аш-Шабоб”-ро муттаҳам кард. Ин гурӯҳи бахши аъзами қаламрави кишварро таҳти назорат дорад.
XS
SM
MD
LG