Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА шаҳрванди Эронро дар қочоқи силоҳ айбдор мекунад


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар бораи шурӯъи мурофиаи додгоҳӣ алайҳи шаҳрванди Эрон Амир Ҳусейн Ардабилӣ хабар доданд. Ба иттилоъи шабакаи телевизонии CNN, Ардабилӣ дар он муттҳам мешавад, ки мехост барои эҳтиёҷоти Теҳрон ғайриқонунӣ силоҳи амрикоӣ харидорӣ кунад.
Гуфта мешавад, ки шаҳрванди Эрон аз сӯи хадамоти кашфи Амрико ҳанӯз ду сол пеш ва дар қаламрави Гурҷистон боздошт шуда буд ва аммо иттилоъ дар ин бора махфӣ нигаҳ дошта мешуд. Ӯ ба Амрико истирдод шуд ва соли гузашта ба гуноҳи худ иқрор шуд. Мақомоти додситонӣ гуфтаанд, ки Ардабилӣ мехост, аз ҷумла, барои мушаку ҳавопаймоҳои низомӣ қисмҳои эҳтиётӣ харидорӣ кунад. Қарор аст, ки ҳукми додгоҳ дар баробари Амир Ҳусейн Ардабилӣ рӯзи 14 декабр содир шавад.
XS
SM
MD
LG