Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай барои мулоқот бо Мулло Умар омода аст


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, бори дигар омодагии худро барои музокироти мустақим бо раҳбари ҷунбиши “Толибон” Мулло Муҳаммад Умар изҳор намуд. Дар мусоҳиба бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс Карзай гуфт, ки “ман барои гуфтугӯ бо Мулло Умар омодаам” ва ҳамзамон афзуд, “ман ҳамчунин медонам, ки бидуни пуштибонии ҷомеъаи байнулмилалӣ ин мулоқот ғайримумкин аст”. Ба гуфтаи Карзай, ҳадаф аз гуфтушунид бо раҳбари “Толибон” – расидан ба мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон аст.
Ҷунбиши “Толибон” ба ин изҳорот то ҳол вокунише накардааст. Тибқи баъзе хабарҳо, Мулло Умар аз соли 2001 ба ин сӯ дар Покистон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG