Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар андешаи ширкат дар интихобот?


Владимир Путин – нахуствазири Русия, имрӯз гуфт, дар мавриди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳур дар соли 2012 андеша хоҳад кард. Владимир Путин, ки ба суолҳои шаҳрвандони кишвараш мустақим аз тариқи телевизион посух медод, гуфт, ба суоли матраҳшуда дар ин маврид чунин ҷавоб дод: "Ман дар ин бора фикр хоҳам кард. Ҳоло вақти кофӣ дорем ва ба андешаи ман, ҳар яки мо бояд вазифаву масъулиятҳояшро дар ҷои худаш анҷом диҳад. Қарорҳо дар робита ба маъракаи интихоботии соли 2012 вобаста ба авзоъи иқтисодӣ ва арсаҳои иҷтимоӣ қабул хоҳад шуд." Владимир Путин ба суоли дигаре дар мавриди вазъи Қафқоз гуфт, авзоъ дар ин минтақа мушкил аст, вале онро набояд ҳамчун ҷанг арзёбӣ кард. Вай ҳамчунин гуфт, ки марҳилаи сахти бӯҳрони иқтисодии Русия паси сар шудааст ва сарватмандони кишварашро танқид кард, ки ба қавли вай, бо пайваста нишон додани сарватҳояшон наметавонанд, онро мудирият кунанд. Русия соҳиби 30 миллиардер ва миллионерҳои зиёде аст, аммо даҳҳо миллионҳо нафари дигарро ҳам дорад, ки дар як моҳ камтар аз 200 доллар сарф мекунанд.
XS
SM
MD
LG