Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Тоҷикистон аз стратегияи Амрико


Ҳукумати Тоҷикистон зимни вокуниши расмӣ аз тасмими Амрико барои фиристодани 30 ҳазор сарбози дигар ба Афғонистон ҳимоят кард. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе гуфт, умедвор аст, ирсоли нерӯҳои изофӣ ба таъмини суботу амният дар ин кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. Давлат Назрӣ - сухангӯи вазорат дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Тоҷикистон усулан аз ҳама чораҳое, ки барои рафъи печидагиҳо ва ба эътидолу субот овардани вазъият дар Афғонистон андешида мешаванд, пуштибонӣ мекард ва пуштибонӣ хоҳад кард. Тоҷикистон стратегияи нави Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки зимни он то 30 ҳазор нафар афзоиш додани шумораи афсарону сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст, иқдоме аз ҳамин қабил мешуморад. Ин иқдом аз густариши нуфузи унсурҳои деструктивӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ намуда, ба таъмини амният ва пайдо кардани сулҳу субот дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард."
XS
SM
MD
LG