Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии расмии Душанбе аз стратегияи нави Обама


Тоҷикистон стратегияи нави Барак Обамаро, ки дар он ирсоли 30 ҳазор нерӯи изофӣ ба Афғонистон пешбинӣ шудааст, иқдоме барои ба субот овардани вазъ дар Афғонистон медонад.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин иқдом аз густариши нуфузи унсурҳои харобсоз дар Афғонистон ҷилавгирӣ намуда, ба таъмини амният ва пайдо кардани сулҳу субот дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар як брифинги вижа дар ин мавзӯъ гуфт, Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ва чун соҳиби таърих, забон ва фарҳанги муштарак бо Афғонистон нисбат ба печидагиҳои вазъи низомию сиёсӣ дар ин кишвар назари бетафовут дошта наметавонад. Ба ин хотир, гуфт ӯ, роҳбарияти Тоҷикистон пайваста кўшиш мекунад, то дар ин давлати ҳамсарҳад ҳар чӣ зудтар сулҳу субот пойдор шавад ва мардуми он ба ҳаёти орому осоишта баргардад.

Ў таъкид дошт, ки Тоҷикистон усулан аз ҳама чораҳое, ки барои рафъи печидагиҳо ва ба эътидолу субот овардани вазъият дар Афғонистон андешида мешаванд, пуштибонӣ мекард ва пуштибонӣ хоҳад кард. Давлаталӣ Назриев стратегияи нави Амрико ва ирсоли нерӯи изофӣ ба Афғонистонро аз ҷумлаи ҳамин гуна чораҳо шуморид.
XS
SM
MD
LG