Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ нафарро дар Чин ба марг маҳкум карданд


Ҷумҳурии Мардумии Чин эълом кард, ки панҷ нафари дигарро, ки дар ошӯбҳои хунини вилояти Шинҷон, қатлу дигар ҷиноят кардаанд, ба марг маҳкум намудааст. Хабаргузории расмии “Синхуа”-и Чин, имрӯз гузориш дод, ки ҳамчунин ду нафари дигар дар шаҳри Урумчӣ маркази вилояти Шинҷон ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин, нимаи моҳи гузашта эълом дод, ки шаш нафар ӯйғурҳои мусулмонро барои ширкат дар ошӯбҳои хунини моҳи июл дар вилоят қатл кардааст, ки дар он ошӯбҳо 200 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG