Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се вазири ҳукумати Сомалиро куштанд


Пулиси Сомалӣ мегӯяд, бар асари инфиҷори дар меҳмонхонае дар пойтахт шаҳри Муқадишу, се вазири ҳукумат ҳалок шудаанд. Сухангӯи пулис мегӯяд, Қамаруддин Алӣ - вазири беҳдошт, Аҳмад Абдуллоҳӣ - вазири маориф, Иброҳим Ҳассан Аддов – вазири таҳсилоти олии Сомалӣ дар таркиш ҷон додаанд. Ба гуфтаи сухангӯи пулис, таркиш дар ҷараёни нишасти ҳукумати муввақатӣ ба вуқӯъ пайваста ва ҷони шаш нафари дигарро ҳам гирифтааст. Ҷузъиёти дигаре дар бораи ҳодиса нашр нашудааст. Нерӯҳои кишварҳои африқоӣ, ки ҳукумати бесуботи Сомалиро ҳимоят мекунанд, ҳар рӯз бо ифротгароёни исломӣ меҷанганд, ки бахши зиёди марказ ва ҷануби Сомалиро таҳти контрол доранд. Сомалӣ тақрибан ду даҳсола аст, ки ҳукумати босубот надорад.
XS
SM
MD
LG