Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши НАТО дар Брюссел ифтитоҳ ёфт


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО имрӯз дар қароргоҳи он дар шаҳри Брюссел ҳамоиши дурӯзаеро ифтитоҳ карданд, ки дар он ҷанги Афғонистон ва ҳамчунин муносибот бо Русияву Укроину Гурҷистон баррасӣ мешавад. Ҳамоиши мазкур бо нишасти Кумиссиёни НАТО-Укроин оғоз меёбад ва бо нишасти Кумиссиёни НАТО-Гурҷистон идома мекунад. Рӯзи ҷумъа, вазирони умури хориҷаи Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ, талошҳои ин эътилоф дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд, ки Амрико эълом дод, барои мубориза бо Толибону Ал-қоида ба онҷо 30 ҳазор сарбози дигар мефиристад. Рӯзи ҷумъа ҳамчунин, нишасти Шӯрои НАТО-Русия баргузор мешавад, ки дар он Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия ҳузур хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG