Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақвияти ҷабҳаи мубориза бо мухаддирот


Маросими имзои созишнома аз ҷониби Рустам Назаров ва Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе

Маросими имзои созишнома аз ҷониби Рустам Назаров ва Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе

Нахустин созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Аввалин бор аст, ки Тоҷикистон ва Русия дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир қарордоди байни ҳукуматӣ ба имзо мерасонанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба баҳонаи маводи мухаддир солҳост, ки матбуоти Русия ҳамарӯза Тоҷикистонро интиқод мекунад. Ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар ин замина то кунун дар чаҳорчӯби муқаррароти Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва асноди соҳавӣ ҷараён мегирифт.

Имзои ин қарордод ба гуфтаи масъулин бистари муносибтареро барои мубориза бо маводи мухаддир миёни ниҳодҳои ду кишвар фароҳам мекунад. Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорат бар гардиши бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, «бар асоси ин Созишнома ҷонибҳо сиёсати мубориза бо маводи мухаддири худро бо ҳам мувофиқа мекунанд. Ва барномаи ҳамоҳангшудаеро дар ҷилавгирӣ аз истифодаи маводи мухаддир ва маводи мадҳушкунандаро мавриди амал қарор медиҳанд. Ин созишнома ба ниҳодҳои ду ҷониб иҷозаи таъқиб ва ошкор кардани афроди мазнун дар қочоҷи маводи мухаддирро медиҳад».

Созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия соири масоили вобаста ба амалкарди ду кишвар дар амри назорат ба гардиши маводи мухаддирро танзим мекунад.

Аммо барои Тоҷикистон мубориза бо маводи мухаддир дар ҳоли ҳозир ду ҷанбаи муҳим дорад. Ба гуфтаи масъулон, яке муқобилаи мустақим бо ин худи ин зуҳурот ва дигаре тоб овардан дар муқобили сели гузоришҳои матбуоти Русия, ки Тоҷикистонро як кишвари ғарқи дарёи мухаддир ва аз ҳар муҳоҷири тоҷик тимсоли қочоқгари ин маводро ба вуҷуд овардаанд.

Тоҷикистон борҳо аз ин маврид, яъне бузургнамои матбуоти Русия ин мавзуъро чӣ дар сатҳи ниҳодҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Вале ахиран ҳатто раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухадири Русия низ эълон кард, ки аз ҳар 300 мошине, ки тавассути пули Панҷи поён марзи Афғонистон ва Тоҷикистонро убур мекунад, ҳар дуввуми он ҳомили героин аст. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон онро ҳамвора рад кардаанд.

Масъулини Русия низ ахиран аз тавонмандии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар амри мубориза бо қочоқ изҳори нигаронӣ карданд. Сардори хадамоти назорат бар гардиши маводи мухадири Русия аз давлаташ хостааст, ки ниҳодҳои зирабти Тоҷикистонро дар амри мубориза бо маводи мухаддир сармоягузорӣ кунад, то тавонмандии бештареро барои мубориза пайдо кунанд.

Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон имзои санади мазкурро амри муҳиме дар роҳи рафъи мушкилоти мавҷуд унвон кард. Ӯ гуфт, санаде, ки имзо шуд, заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар амри мубориза бо маводи мухаддир такмил мекунад. Ин қарордод ба ниҳодҳои ду ҷониб имкон медиҳад, равобити танготанги ҳамкории бидуни фосиларо бар роҳ монда, амалиётҳои фаврии худро роҳандозӣ кунанд ва корҳои маърифатиеро дар заминаи таблиғ ва нашарот ба манзури коҳиши хатароти маводи мухаддир рӯи даст бигиранд.

Ба назари таҳлилгарон, ишораи сафири Русия ба ҷанбаи таблиғӣ ва маърифатии масъала метавонад, навъе бозтоби эътирозҳои ҷониби Тоҷикистон дар зеҳни мақомоти Русия аз гузоришҳои на ҳамеша мунсифонаи матбуоти он кишвар бошад.
XS
SM
MD
LG