Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии матбуоти чопи Душанбе: 3-юми декабр


Интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон тавассути Амрико ва пайомадҳои ин амр барои Тоҷикистон, хурӯҷи Узбакистон аз шабакаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ва вркунишҳо ба муроҷиати раисҷумҳури Тоҷикистон барои харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аз мавзӯъоте аст, ки дар бештари матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи шаҳри Душанбе бозтоб ёфтаанд.

Ҷанги афғонии Обама


«Азия-Плюс» матлаберо таҳти унвони «Ҷанги афғонии Обама. Тоҷикистонро чӣ интизор аст?» назари ду тан аз сиёсатшиноси тоҷикро дар бораи тасмими раисҷумҳури Амрико барои фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон мунташир кардааст. Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ҷанг алайҳи Толибонро василаи тақвияти ҳузури Ғарб, ба хусус Амрико дар Осиёи Марказӣ донистааст. Аммо, ба эътиқоди Мамадазимов, иқдоми ахири Вашингтон мушкили мубориза алайҳи терроризми байналмилалиро ба куллӣ тағийр нахоҳад дод, балки танҳо гомҳои тактикии Амрико дар ин замина аст. Рустам Ҳайдаров, сиёсатшиноси дигари тоҷик аз он изҳори таассуф кардааст, ки Барак Обама ҳамчунон дарк накардааст, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, балки, ба назари вай, Амрикоро лозим буд, то аз аввал ҳамкориро бо Русия, Чин, Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба манзури дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомези мушкили Афғонистон густариш ва тақвият мебахшид. Бо ин ҳам, Ҳайдаров бар ин назар аст, ки тасмими Амрико таъсире ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон нахоҳад дошт. Зеро, Ҳайдаров мӯътақид аст, дигар ҳаводиси солҳои даҳаи 1990, ки неруҳои берунӣ битавонанд ба вазъи сиёсии ҷомеъаи тоҷикон таъсир гузоранд, такрор нахоҳад шуд. Балки ин сиёсатшиноси тоҷик истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон дар ҷиҳати таҳаққуқи сулҳро барои Амрико дар Афғонистон намунаи муассир медонад.

Ҷанги лафзии Тошканду Душанбе


Ҳафтаномаи ҷамъиятӣ ва сиёсии «Истиқлол» берун шудани Узбакистон аз шабакаи ягонаи системаи энергетикии Осиёи Марказиро дасисаи нави Тошканд унвон карда ва амалҳои Ислом Каримов, президенти Узбакистон, нисбат ба кишварҳои ҳамсояро аз заъифии сиёсии вай ва нотавонбинии пешравиҳои иқтисодӣ ва фарҳангии бахусус мардуми Тоҷикистон донистааст. Нашрия навиштааст, «мо набояд ба амалҳои ғаразноки кишвари ҳамсоя дода шавем. Балки месазад то мо бо фарҳанги баланди миллии хеш ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ исбот намоем, ки дар бунёди иқтисод ва фарҳанги кишвар устувор, адолатхоҳ ва саҳмгузор ҳастем».

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» радду бадалҳои мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар мавриди берун шудани ин кишвар аз шабакаи воҳиди энергетикиро ташдиди ҷанги лафзии Тошканд ва Душанбе талаққӣ карда ва навиштааст, ки «ин вазъ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи мардумони ду кишвар, ки аз муштаракоти фаровоне бархурдоранд ва қарнҳо дар канори ҳам зистаанд, нахоҳад буд». Ба таъкиди «Нигоҳ» ҳар ташаннуҷ ва ноамнӣ дар минтақа ба зиёни тамоми кишварҳо тамом хоҳад шуд ва ин қудратҳои хориҷӣ ҳастанд, ки бо пуштибонии мувақаттӣ аз ин ё он давлати бартар, ҳадафҳои худро дунбол мекунанд».

Нашрияи «Озодагон» дар матлабе «Сари зулфи ту набошад…» иқдоми ахири Тошкандро эътирози густарда алайҳи сохтмони неругоҳи «Роғун» донистааст. Зеро, ба навиштаи муаллифи ин матлаб, «ҳарчанд сафири Узбакистон омодагии кишвараш ба режими автономии энергетикиро эълом кардааст, аммо Тошканд аз ин тариқ ҳадафи мушаххасеро пайгирӣ карданист».

Ормони роғунии миллӣ


Нашрияи «Миллат» дар матлабе суханонии раисҷумҳури Тоҷикистонро овардааст, ки дар яке аз суханрониаш гуфтааст, «ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ «бояд ба маблағи на камтар аз 3000 сомонӣ» саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидорӣ кунад». Дар ин сурат, ба таъкиди президент Раҳмон, барои иҷрои марҳалаи нахусти ин тарҳ 600 миллион доллар ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Аммо, нашрия дар идомаи ин матлаб навиштааст, ба гуфтаи коршиносон то ҳол тарҳи молии неругоҳи Роғун мушаххас нашудааст, зеро иҷрои он ҳамакнун аз рӯйи тарҳе анҷом мешавад, ки дар замони Шӯравӣ таҳия шуда буд. Ба ин далел, нашрия навиштааст, ки «бархе иқтисоддонҳо ин пурсишро қарор медиҳанд, ки дар сурате, ки ҳазинаи куллии ин тарҳ мушаххас набошад, пас чӣ гуна фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун имконпазир аст?».

«Иқдом»-и нахустини интихоботӣ


Ҳафтаномаи «СССР» сабабҳои беш аз як моҳ фаъолият надоштани СМТ –Симои Мустақили Тоҷикистон, ягона шабакаи мустақили телевизионӣ дар пойтахти ин кишварро ба баррасӣ гирифта ва онро аввалин «иқдом» -и ҳукумат дар пешорӯи интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010 арзёбӣ кардааст. Зеро, ба навиштаи Раҷаби Мирзо, муаллифи ин матлаб, дар интихоботи порлумонии соли 2005 ягона «минбари зинда» -и аҳзоби мухолиф шабакаи мустақили телевизионии «Сомониён» буд, ки пахши он аслан дар Душанбе сурат мегирифт, аммо пас аз ин маъракаи сиёсӣ шабака ба мушкил рӯ ба рӯ гардида, баъдан фаъолияташ пурра қатъ гардид. Ҳамакнун, Раҷаби Мирзо мегӯяд, ин дафъа мушкилоти ҳаммонанд ба сари Симои Мустақили Тоҷикистон –и Зинатуллоҳи Исмоил омад, вале ба шеваи нав. Фаъолияти ин шабака дар ҳоле мутаваққиф гардид, ки Шабакаи телевизионии ОРТ –и Русия низ барномаҳои хешро дар мавҷи Симои Мустақили Тоҷикистон пахш кард. Ба ин далел, Раҷаби Мирзо мӯътақид аст, ки қазияи ин шабака имкон дорад танҳо пас аз баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ, дар баҳори соли оянда ҳал шавад. Зеро, ба таъкиди муаллиф, «дар он сурат ҳам мушкилоти бо ОРТ – и Русия доштаи Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд ва ҳам интихоботи порлумонӣ бе «гапи зиёдатӣ» ба анҷом мерасад.

Муваффақтаринҳо ва номуваффатаринҳо


Ва дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» натоиҷи пажӯҳише марбут ба 10 муваффақтарин ва номуваффақтарин раиси шаҳру ноҳияи Тоҷикистон чоп шудааст. Бар асоси ин таҳқиқот Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз муваффақтарин раисони шаҳр дар Тоҷикистон дониста шуда, ба дунбол раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҳисор, Рудакӣ, Роғун, Истаравшан, Шаҳритус, Ваҳдат, Шоҳмансур, Турсунзода ва Сино ҷо гирифтаанд. Аммо ин таҳқиқот ҳокист, ки раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ, Спитамен, Рашт, Шаҳринав, Зафаробод, Чкаловск, Тавилдара ва Ғончӣ, аз даҳгонаи номуваффақтарин будаанд. Зимнан, пажӯҳиши ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар ду давра 68 нафар раисони шаҳр ва ноҳияи Тоҷикистонро дар бар гирифт, ки аз ҷониби коршиносон баҳогузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG