Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони сулҳ ё порлумони ҷанг?


Интихоботи моҳи феврали соли соли 1990 ба порлумон ё Шӯрои олии Тоҷикистон имкон дод, ки барои аввалин бор дар маҷлиси қонунгузор ашхосе, ки узвияти ҲК-ро надоштанд, ҳузур пайдо кунанд. Порлумоне, ки ҳам ифтихори эълони истиқлоли Тоҷикистон, вале ҳам ангезаи оғози ҷанги дохилиро ба номи худ робита додааст. Аммо бо гузашти ҳудуди 20 сол аз он таърих назарҳо ба нақши он порлумон чӣ гуна аст?

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар 25-уми феврали соли 1990 нахустин интихоботи рақобатӣ ва пуршӯри мардум дар тӯли таърихи интихобот дар Тоҷикистон унвон мешавад. Барои аввалин бор дар интихоботи Шӯрои олии Тоҷикистон дар он сол дар қатори аъзои Ҳизби Коммунист мухолифони ин ҳизб, рӯшанфикрони миллӣ ва ҳатто чеҳраҳои мазҳабӣ номзад ва бархе аз онҳо баранда низ шуданд.

Ҳайдаршоҳ Акбаров, ки дар ҳамон интихоботи пуршӯри Шӯрои олии Тоҷикистон пирӯз шуда буд, мегӯяд, он маҷлис натиҷаи муборизаи
Дигар он як порлумоне набуд, ки ҳар чӣ аз боло мегуфтанд, мепазируфт.
чанд насли мардуми рӯшанфикр дар тамоми тӯли як режими бастаи коммунистӣ буд. Ва барои аввалин бор аз минбари он Шӯрои олӣ мардум тавассути намояндагони мунтахаби худ, ҳарфи худро изҳор доштанд. Оғои Акбаров, ки ба се рақиби худ дар интихобот, пирӯз шуд, мегӯяд, он интихобот ҳамроҳ бо дарки масъулияти маънавии мардум буд. Аз сӯи дигар, мегӯяд ӯ, Шӯрои олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, мустақил ва соҳиби истиқлоли амал буд. Ҳайдаршоҳ Акбаров мегӯяд, «дигар он як порлумоне набуд, ки ҳар чӣ аз боло мегуфтанд, мепазируфт. Масъала ва қонунҳо баррасӣ мешуданд, манфиатҳо ба назар гирифта мешуд ва баъд тасмиме иттихоз мекард».

Давлат Усмон, ки ҳамзамон бо замони ваколати Шӯрои олии даъвати дувоздаҳум муовини сарвазири Тоҷикистон буд, мегӯяд, порлумони соли 1990 як маҷлиси мунъакисгари иродаи мардум куллӣ набуд, зеро он дар вазъияти фавқулодда интихоб шуда буд. Ва ҳамагуна режими низомӣ ва фавқулодда ҳуқуқ ва озодиҳои маданиро барои интихобот маҳдуд мекунад. Давлат Усмон мӯътақид аст, ки агар интихобот бештар шаффоф ва озод доир мешуд, имкон дошт, ки вакилони корозмудатаре вориди порлумон шаванд ва аз ҷанги дохилӣ ҷилавгирӣ шавад.

Оғои Усмон мегӯяд: «Вазъияти фавқулодда дар соли 1990 боис шуд, ки 90 дарсади вакилони порлумон аз ҷумлаи аъзои ҲК ва бо тафаккури мунҷамид ё шахшуда интихоб шаванд. Ва даҳ дарсад ҳам вакилони дигарандеш буданд. Ва ҳамин чиз боис шуд, ки бӯҳрони соли 90 ба андозаи як бӯҳрони бузургтар ва ҷанги дохилӣ инкишоф пайдо кард. Агар шахсоне, ки қудрати аз бӯҳрон кашидани кишварро доштанд бештар интихоб мешуданд, байни тафаккури наву кӯҳна дар порлумон як тавозун эҷод мешуд ва ҳар ҷое тавозун бошад, табиист, ки он ҷо бӯҳрон осон ҳал мешавад»

Абдулло Ҳабибов, вакили дигари порлумони вақти Тоҷикистон, ки баъдан дар нахустин порлумони ҳирфаии Тоҷикистон низ вакил шуд, бовар дорад, ки порлумони солҳои аввали навад, порлумони дар воқеъ коромадтаре буд ва дар гузоштани заминаи ҳуқуқии бунёди давлати мустақили Тоҷикистон нақши муҳиме ифо кард.

Муҳаммадсалом Махшулов, ки то иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ёвари раиси Шӯрои олӣ буд, мегӯяд, «ба сабаби адами вуҷуди як
Он порлумон шахсиятҳои барҷастаеро мисли Аслиддин Соҳибназаров, Тоҳири Абдуҷабор ва Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода муаррифӣ кард. Бозор Собир низ вакили ҳамин давраи порлумони Тоҷикистон буд, агарчӣ ба муаррифӣ ниёз надошт ва баъди як сол аз ваколати худ даст кашид.
ҳукумати иҷроии коро ва фаъол амалан вазифаҳои ҳукумат ба Шӯрои олӣ мунтақил шуда буд. Ба ин далел буд, ки нақши порлумони вақт барҷаста менамуд. Вагарна порлумони солҳои аввали навад, як тамсили воқеъияти Тоҷикистон тавассути намоиши порлумонӣ буд. Як воқеъияти пур аз мушкилу таззод. Ҳар каму косту хубу неке, ки Тоҷикистон дар гӯшаву канори худ дошт, дар симои ҳамон порлумон ба намоиш омада буд».

Ба андешаи оғои Махшулов, ин порлумон дар ниҳоят, «оғози қонунӣ ва расмии оштии миллӣ шуд. Гурӯҳеро ба сари қудрат овард, ки мардум ба он итминон кард ва қудратҳои маҳаллӣ аз шаҳру навоҳӣ ин гурӯҳро эътироф кард ва маҳаллоти парокардаро зери як раҳбарӣ даровард. Ва ба ҳар шакле, ки буд, ҷаҳон онро ба унвони як маркази раҳбарии сиёсӣ ва давлатӣ эътироф кард».

Порлумони солҳои аввалини навад шахсиятҳои барҷастаеро мисли Аслиддин Соҳибназаров, Тоҳири Абдуҷабор ва Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода муаррифӣ кард. Бозор Собир низ вакили ҳамин давраи порлумони Тоҷикистон буд, агарчӣ ба муаррифӣ ниёз надошт ва баъди як сол аз ваколати худ даст кашид.

Ин даъвати порлумон, шаш раиси пушти ҳам дошт, Қаҳҳор Маҳкамов, Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев, Сафаралӣ Кенҷаев, Акбаршо Искандаров. То замоне, ки билохира дар иҷлосияи 16-уми ин порлумон дар тирамоҳи соли 1992 дар Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати он нишаст ва ду сол дар ин мақом ифои вазифа кард, то вақте ба раёсати ҷумҳурӣ расид, дигар нақши порлумон низ камрангу камранг мешуд.

Аммо ба ҳар ҳол, ин порлумон, ки ҳамоно назарҳо роҷеъ ба он зидду нақиз ҳастанд, ду таззодеро дар худ ғунҷондааст, яке ифтихори
Форсиро низ аз номи забони давлатии Тоҷикистон дар Қонуни асосӣ ҳамин порлумон ҳазф кард.
эълони истиқлоли Тоҷикистон ва дигаре иттиҳомеро, ки чӣ мухолифон ва чӣ ҷонибдорони давлат дар он солҳо ба ӯ мезаданд, ки ҷанги дохилиро ангеза дод.

Форсиро низ аз номи забони давлатии Тоҷикистон дар Қонуни асосӣ ҳамин порлумон ҳазф кард, ки зиёиёни тоҷик ҳамоно чун гӯшвори иттиҳом онро ба гӯши вакилони он даври маҷлис овехтаанд.
XS
SM
MD
LG