Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмон бо ҳизбҳо мулоқот мекунад


Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти рӯзи 4-уми декабри Шӯрои ҷамъиятӣ масоили марбут ба интихоботи парлумониро матраҳ мекунанд. Онҳо умед доранд, ки ин бор раисҷумҳур даъвату пешниҳодҳояшонро беҷавоб нахоҳад гузошт.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон, ки дар парлумон ҳоло чор намоянда дорад, мегӯяд, ки омодааст баҳси шомил шудани намояндагони аҳзоби мухталиф дар комиссияҳои участкавӣ ё қитъаҳои раъйдиҳиро бо Раҳмон дар миён гузорад: “Агар супориш диҳад, ки намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботӣ бошанд, хуб мешавад. Он вақт кафолати ӯ барои шаффофияти як интихобот дар кишвар заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт”.

Файзулло Фатҳуллоев, муовини раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки ҳизбаш барои нахустин бор дар интихоботи парлумонӣ ширкат хоҳад ҷуст, гуфт, онҳо таваҷҷӯҳи раисҷумҳурро барои ба поён овардани ҳадди гаравапулӣ дар қонуни интихобот ҷалб хоҳанд кард. Вай мегӯяд, гаравпулӣ на танҳо барои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, балки барои аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон низ аз мушкили умда ба ҳисоб меояд: “Мо таклиф мекардем, ки як миқдори маблағро ба таври доимӣ муқаррар кунад. Чунки дар қонуни интихобот он 200 дарсади ҳадди ақалл нишонд дода шудааст. Ин нишондод тағйирёбанда аст ва бино бар ин, сол то сол ҳадди гаравпулӣ ҳам боло меравад, ки мушкили моро афзун мегардонад”.

Масъуд Собиров, раиси расман эътирофшудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, агар раисҷумҳур масоили интихоботро баҳс кунад,

ҳатман мавзӯи парлумони касбиро дар миён хоҳад гузошт. Оқои Собиров мегӯяд, ӯ ҳамчунин ба раисҷумҳур пешниҳод хоҳад кард, ки ба ҳамаи ҳизбҳо шароити яксон фароҳам шавад, то аҳзоби дигар ҳам тавонанд, ки бидуни мушкили хос ба парлумон роҳ ёбанд: “Кӯшиш ба он диҳад, ки парлумон парлумони касбӣ шавад ва ҳар ҳизб тавонад, ки як ё ду намояндаи худро вориди ин парлумон кунад. Ва ҳам дар ҷомеа эҳсос шавад, ки воқеан ҳам ҳизбҳо ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд. Агар не, вуҷуди ин ҳизбҳо маъно надорад”.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон на ҳамаи ин талабу пешниҳодҳои раҳбарони аҳзоби сиёсӣ аз сӯйи раисҷумҳур пазируфта хоҳад шуд. Зеро ба гуфтаи онҳо, ин матолиб қаблан ҳам аз тарафи намояндагони ҳизбҳо баён шуда буданд, вале то кунун беҷавоб боқӣ мондаанд. Коршиносон мегӯянд, дидор ва гуфтугӯи раисҷумҳур бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои мухолифаш дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ танҳо як плюсеро ба имиҷи ӯ ва бовари атрофиёнро ба як интихоботи шаффофу демократӣ дар кишвар хоҳад афзуд.

Шӯрои ҷамъиятӣ як ниҳоди муташаккил аз аҳзобу гурӯҳҳо ва созмонҳои ҷомеаи маданист, ки дар соли 1997, бо имзои созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифонаш таъсис шуда ва расидан ба ваҳдати миллиро ҳадафи худ қарор додааст. Ҳизби сотсиал- демократ, аз аҳзоби мухолифи ҳукумат, узви ин шӯро нест ва аммо масъулони ин ҳизб мегӯянд, ки дар сурати даъват шуданашон аз сӯйи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳозиранд, ки дар ин дидор бо Раҳмон ширкат ва масоили марбут ба интихоботро баҳс кунанд.
XS
SM
MD
LG