Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон тасмим нагирифтааст


Мақомоти ИМА эълом доштанд, ки ягон тарҳи шурӯъи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон баъд аз 18 моҳ вуҷуд надорад. Зимни суханронӣ дар Комиссиюни Сенат оид ба масоили низомӣ вазири дифоъ Роберт Гейтс гуфт, ки раҳбарони кишвар фақат моҳи декабри соли 2010 мавзӯъи то куҷо имконпазир будани интиқоли назорати таъмини амният аз нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО ба низомиёни афғонро арзёбӣ хоҳанд кард. Раҳбари Пентагон афзуд, ки агар вазъи амниятӣ дар Афғонистон сангин бошад, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ин кишварро тарк нахоҳанд кард. Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҳам гуфт, ки ИМА дар мавриди шурӯъи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар моҳи июли соли 2011 тасмиме нагирифтааст.
Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар ин нишаст иттилоъ дод, ки истиқрори нерӯҳои иловагии амрикоӣ дар Афғонистон дар ду-се ҳафтаи наздик шурӯъ мешавад ва онҳо асосан дар манотиқи ҷанубӣ ва шарқи ин кишвар мустақар хоҳанд шуд.
Дирӯз Барак Обама расман эълон кард, ки соли оянда барои мубориза бо гурӯҳҳои “Ал-Қоида” ва “Толибон” ба Афғонистон 30 ҳазор афсару сарбози иловагии амрикоӣ фиристода мешавад. Баъд аз истиқрори нерӯҳои иловагӣ теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба тақрибан сад ҳазор нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG