Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бо Берлусконӣ ва Попи Рум мулоқот мекунад


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, имрӯз дар Рум бо сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ музокирот анҷом медиҳад. Хабаргузориҳо бо такя ба иттилоъи ёвари раисиҷумҳур Сергей Приходко навиштаанд, ки дар ин гуфтушунид масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ баррасӣ мешавад. Интизор меравад, ки ҳайатҳои Русияву Италия беш аз даҳ созиши нави байнидавлатиро имзо кунанд.
Имрӯз ҳамчунин мулоқоти Дмитрий Медведев бо Попи Рум Бенедикти 16 дар Вотикан дар назар аст. Раҳбари Русия ва Попи Рум дар бораи муколамаи миёни фарҳангу адёни гуногун, ҳамкориҳои башарӣ ва мушкилоти байнулмилалӣ сӯҳбат мекунанд.
XS
SM
MD
LG