Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил бунёди манзил дар қаламрави ишғолиро идома медиҳад


Ҳукумати Исроил тарҳи бунёди 84 бинои нави истиқоматӣ дар маҳаллаҳои яҳудинишини воқеъ дар Каронаи бохтарии руди Урдунро пазируфт. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки ҳукумат чанд рӯз қабл барои бунёди ин манозил мораторий эълон карда буд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, тасмим дар бораи бунёди биноҳои истиқоматӣ баъд аз музокирот бо раҳбарони гурӯҳҳои муҳоҷири муқими ин маҳаллаҳо гирифта шудааст.
Ҳафтаи гузашта Исроил эълом дошт, ки бунёди манозил дар қаламрави Фаластинро барои даҳ моҳ мунҷамид месозад. Ва аммо Фаластин инро барои эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна нокофӣ хонд. Мақомоти Фаластин талаб доранд, ки бунёди манозили зист дар қаламрави ишғолӣ қатъ карда шавад.
XS
SM
MD
LG