Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон 84,4 % нақшаи чиниши пахта иҷро шуд


Дар Тоҷикистон мавсими расмии чиниши пахта ба анҷом расид. Бар тибқи иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон то имрӯз дар кишвар беш аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 84,4 дар сади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Хабаргузории Ховар аз қавли вазорат менависад, ки ҷамъоварии қисмати боқимондаи пахтаи хом аз раҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ва вазъи ҳаво вобаста аст.
Омори расмӣ ҳокист, ки шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ берун аз кишвар наздики 64 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи умумии ҳудудан 69 миллион доллар содир шудааст. Ин нишондод се ҳазор тонна камтар назар ба соли гузашта будааст. Тоҷикистон асосан ба Русия, Эрон ва Латвия пахтаи худро содир мекунад. Қимати миёна пахтаи хом дар муқоиса бо нархҳои соли гузашта ба ҳисоби миёна барои ҳар тонна 260 доллар камтар шуда ҳоло 1076 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG