Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ


Ширкаткунандагони нишасти зидди қочоқи инсон дар Осиёи Марказӣ. Алмато, 25-уми ноябри соли 2009.

Ширкаткунандагони нишасти зидди қочоқи инсон дар Осиёи Марказӣ. Алмато, 25-уми ноябри соли 2009.

Тибқи тақвими Созмони Милали Муттаҳид ҳар сол 2 декабр Рӯзи мубориза зидди ғуломдорӣ ва истисмори инсон аст. Ҳарчанд ғуломдорӣ хоси асри бисту як нест, гуфта мешавад, замони муосир шеваҳои нави ғуломдориро ба миён овардааст.

Заррина Амирбекова мушовири барномаи мубориза бар зидди хариду фурӯши инсони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ошкор кардани намудҳои истисмори ҳуқуқи инсон , далели он аст ки ҳанӯз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун истисмор мешаванд.
Онҳо меҳнати вазнин мекарданд, вале ба ғайр аз ғизо ба онҳо чизе дода намешуд. Ҳатто дар ҷойи вахим зиндагӣ мекарданд. Хушбахтона, вақте шартномаи корӣ буд, мо онҳоро ба осонӣ аз ғуломӣ халос кардем ...

Ӯ меафзояд, ки фаъолияти муассири СБМ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи давлати Тоҷикистон натиҷа дод, ки соли 2005 беш аз 15 нафар занону духтароне ки мавриди қочоқ қарор гирифта, дар хориҷа ба ҳайси ғулом истифода мешуданд, ба ватан баргардонида шаванд.

Дар Тоҷикистон маркази паноҳ барои қурбониҳои қочоқи инсон таъсис дода шудааст. То ҳол ба 200 нафар дар ин марказ ҷой дода шуда, ба онҳо кумакҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ расонида шудааст.

Ба гуфти хонум Амирбекова, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди истисмор қарор мегиранд. Аксарияти муҳоҷирон ба мушкилоти надонистани ҳуқуқҳои хеш мувоҷеҳ ҳастанд.

Зимни як пажӯҳиш 30 нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик дар яке аз шаҳрҳои Русия ҳамчун ғулом нигоҳ дошта мешуданд, озод карда шудқанд. Ба онҳо ба ивази меҳнати зиёд танҳо ғизо дода мешуду халос. Ба гуфти вай: «Онҳо меҳнати вазнин мекарданд, вале ба ғайр аз ғизо ба онҳо чизе дода намешуд. Ҳатто дар ҷойи вахим зиндагӣ мекарданд. Хушбахтона, вақте шартномаи кори буд, мо онҳоро ба осонӣ аз ғуломӣ халос кардем. Як қисмаш ба ватан баргаштанд. Вале иддаи дигар боз монданд, ба хотири дарёфти рузии хеш»

Зӯҳро Маҳмадҷонова , корманди Маркази стротеқии назди президент, ки дар чандин лоиҳаҳои Бунёди Наҷоти Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид иштирок кардааст, афзуд ки дар Тоҷикистон ҳолати хариду фуруши кӯдакон нисбати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кам аст.

Вале кӯдакон беназорат монда, дар иҷрои корҳои вазнин истифода мешаванд, ки ин як шакли истисмори кӯдакон аст. «Зимни пажӯҳиш мо шоҳиди он шудем, ки як кӯдакро аз оила ба оилаи дигар медиҳанд. Ин маънои онро надорад, ки гӯё мефурушанд. Балки бо роҳи ҳуҷҷатгузорӣ, вале хатогиҳо дар ҳуҷҷатгузории онҳо дида мешуд Мурофиаи додгоҳи ҳам сурат гирифта буд, барои ҷой доштани нуқсонҳои ҳуҷҷатгузориҳо»

Ба гуфти Зарина Амирбекова ҳарчанд тамоюли хариду фуруши инсон нисбати солҳои пеш кам гардида бошад, ҳам аммо онҳое ки ба ин амал даст доранд. Бо истифода аз роҳҳои дигар, ба ин амал даст мезананд. Вай гуфт, тӯли чанд соли ахир,аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ низ мавориди қочоқ ва хариду фурӯши инсон афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки феълан дар Тоҷикистон 16 созмони ҷамъиятӣ ба пешгирӣ аз хариду фурӯши инсон машғуланд. Яке аз чунин созмонҳо"Чашмаи ҳаёт" дар як маркази вижаи офиятрасонӣ 57 тифли қурбони зӯроварию хушунат ва қочоқшударо сарпаноҳ додааст,ки беш аз нисфи онҳо духтарҳоянд.Тоҷикистон аз соли 2004 бахши вижаи мубориза бо қочоқи инсонро дар назди Вазорати умури дохилӣ таъсис дода, барои муқобила бо ингуна ҷинояткорӣ дар қонун муҷозот пешбинӣ кардааст.

Ба қавли СММ Вижагии ҷиноятҳои марбут ба қочоқи инсон дар Тоҷикистон дар ин аст, мегӯяд ин мақоми СММ, ки ҳамаи қурбониҳо шаҳрвандони ин кишвар буда, аммо ба хориҷ бароварда шудаанд, яъне дар Тоҷикистон қочоқи инсон хусусияти байналмилалиро касб кардааст ва ҳеҷ як ҷинояте дар сатҳи дохилиҷумҳуриявӣ қайд нашудааст.
XS
SM
MD
LG