Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд рӯзи охир Дубай дар сархатти хабарҳои ҷаҳон қарор дорад ва аз ин ҷо гоҳе мавҷи тарсу ҳарос ва гоҳе навиди хушҳолӣ ба чор тараф паҳн мешавад. Гӯё Бурҷи машҳури Дубай ба як антенна ё мавҷпарокан табдил ёфтааст.

Хабари ширкати давлатии Дубай Ворлд, ки панҷшанбеи гузашта аз қарздиҳандагон ва саҳҳомонаш хоҳиш кард, пули худро дар ҳоли ҳозир талаб накунанд, садҳо ҳазор сармоягузор ва соҳибкорро ба изтироб афканд. Яъне паём ин буд, ки пуле нест бозгардонида шавад. Ба ҷои пул фақат васиқаҳои қарз боқӣ мондааст. Он ҳам ба маблағи 59 миллиард доллар. Гузашта аз ин, эълони ҳукумати Дубай, ки гуфт, худро масъули қарзҳои ширкати давлатии Дубай Ворлд намешуморад, ин тарсу ҳаросро ба осмонҳо расонд.
Тарси бозорҳои саҳмия аз фурӯпошӣ хеле зиёд аст. Мушкиле, ки дар Дубай пеш омад, танҳо як гӯшаи мушкили куллист, яъне тавоноии пардохти баҳраҳои қарз...

Аммо охирин хабар каме оромкунанд аст. Ҳукумати Дубай қадаме ба ақиб нишаст ва гуфт, ба ширкати Дубай Ворлд пули иловагӣ хоҳад дод. Дар ин байн худи ширкат низ қадаме ба пеш гузошт, ки як андоза ҳаворо барои сармоягузорону соҳибкорон сабуктар кард.

Ширкати давлатии Дубай Ворлд эълон кард, ки аллакай дар масъалаи тағйири шароити бидеҳкориҳои худ бо қарздиҳандагонаш гуфтушунид дорад ва эҳтимол меравад, бозгардони ними 59 миллиард доллар қарзи он ба таъхир гузошта шавад.

Вазъи бӯҳронӣ замоне ба миён омад, ки вақти пардохти аксари кулли вомҳои ширкат расидааст, вале он амалан пул надорад, ин қарзҳо ё баҳраи онҳоро бидиҳад. Аммо ризоияти вомдиҳандагон ба тағйири замони пардохти 26 миллиард доллари қарз шиддатро коҳиш дод ва далели он аст, ки ширкат вазъро зери назорат дошта, хоҳад тавонист, ки аз он берун шавад.

Аммо тарсу ҳаросе, ки аз ин вазъи бӯҳронӣ ба миён омад, бесабаб набуд, зеро бисёриҳо аз ҳолу ҳавои он бӯи бӯҳронеро шамиданд, ки дар Ню Йорк сар шуда, даҳҳо бонку ширкати бузургро аз байн бурд. Айнан шабеҳи Ню Йорк, бӯҳрони Дубай аз фурӯпошии бозори маскан дар ин кишвар оғоз ёфт. Бар асари он нархи манзил дар Дубай дар чанд моҳи охир беш аз 40 дарсад поин омад. Нахустин нишонаҳои бӯҳронӣ сармоягузорони қавиро аз бозори Дубай дилсард кард ва он ба як маркази нави нооромии молиявӣ табдил ёфта, саромя аз ин ҷо ба фирор сар кард.

Дар чунин пасманзар садо додани эъломияи якуми ширкати давлатии Дубай Ворлд, яъне дархост аз сармоягузорон ба нагирифтани сармояҳои худ бозорҳои саҳҳомро дар саросари ҷаҳон такон дод.

Ҳоло, пас аз эъломияи дувуми ширкат дар бораи эҳтимоли қавии таъхир дар пардохти 26 миллиард доллар вомҳояш вазъро оромтар мекунад. Аммо коршиносон уфуқи молиявии ҷаҳонро ҳамоно пурабр тасвир мекунанд ва мегӯянд, эҳтимоли раъду барқ ва селу тӯфон ҳанӯз зиёд аст. Зеро ба сурати умум имсол ва соли оянда вақти бозгардони 200 миллиард доллар воми ширкатҳои бузург фаро мерасад.

Ояндашиноси молиявӣ дар ширкати сармоягзуории "VTВ Capital"--и Лондон, Нил Маккинон мегӯяд, ҷаҳон ҳанӯз аз варта берун нашудааст. Дар чунин ҳолат канораҷӯии ҳукумати Дубай аз вазъи ширкати давлатияш асари талх боқӣ гузошт.

Маккинон мегӯяд: "Беэътимодӣ ба ҳукуматҳо бозорҳои пулро ба изтироб меорад. Кӯмакҳои азими ҳукуматҳо ба бонкҳо боиси камбуди буҷа ва шикасти таносуби қарзу даромадҳои миллӣ гаштааст. Тарси бозорҳои саҳмия аз фурӯпошӣ хеле зиёд аст. Мушкиле, ки дар Дубай пеш омад, танҳо як гӯшаи мушкили куллист, яъне тавоноии пардохти баҳраҳои қарз."

Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" менависад, аз ин 200 миллиард қарзи ҷаҳонӣ нимаш ба ширкатҳои Русия ва Имороти Муттаҳидаи Араб рост меояд. Аз ин лиҳоз, коршиносон онҳо ва ҳамчунин Юнон, Испания ва чанд кишвари дигари аврупоиро марказҳои ояндаи вазъи бӯҳронӣ номидаанд.
XS
SM
MD
LG