Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ураниумро бо мизони баландтар ғанӣ хоҳад кард


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз қатъномаи СММ-ро дар заминаи фаъолиятҳои ҳастаии Теҳрон чун як иқдоми “ғайриқонунӣ” маҳкум кард. Аҳмадинажод гуфт, ки Эрон 20 дар сади урани ғанишударо барои истифода дар коргоҳҳои ҳастаиаш алорағми тақозоҳои Оҷонси байналмилалии нирӯи ҳастаии вобаста ба СММ ба роҳ хоҳад монд. Рӯзи якшанбе Эрон гуфт, ки дар хоки худ 10 таъсисоти ғанисозии ураниумро бунёд мекунад, ки барои пешбурди барномаи ҳастаии ин кишвар ба кор меравад.
XS
SM
MD
LG