Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина Баҳриева ба Бишкек роҳ дода нашуд


Имрӯз марзбонони Қирғизистон ба Нигина Баҳриева, як фаъоли ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон иҷозаи ворид шудан ба ин кишварро надоданд, ки тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Бишкек рафта буд. Азиза Абдурасулова, раиси як маркази мудофеи ҳуқуқи башари Қирғизистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бар тибқи иттилои марзбонон ба онҳо дастур дода шудааст, ки ба Баҳриева то соли 2010 иҷозаи ворид шудан ба Қирғизистон дода нашавад. Абдурасулова гуфт, ки эҳтимолан хонум Нигина Баҳриева шомили феҳрасти сиёҳи фаъолони ҳуқуқи башари минтақаӣ шудааст, ки машғули омӯзиши тафсилоти рӯйдодҳои маҳаллаи Навкати ҷануби Қирғизистон дар соли 2008 мебошанд. Моҳи октябри соли гузашта бо иттиҳоми ташкили гирдиҳамоиҳои ғайримуҷоз дар Навкат даҳҳо пайравони дини ислом боздошт ва ба зиндонҳо андохта шуданд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар рӯйдодҳои соли пешро дар ҷануби Қирғизистон чун амали саркӯбкунандаи мусалмонон баҳо медиҳанд, ки дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Аз ин пеш моҳи ноябр фаъолони дигари ҳуқуқи башар дар минтақа – Баҳром Ҳамроев ва Виталий Пономарев дар кори таҳқиқи рӯйдодҳои Навкат бо монеаҳо дучор ва аз кишвар берун карда шуданд.
XS
SM
MD
LG