Пайвандҳои дастрасӣ

Нигина Баҳриева, ҳомии ҳуқуқи башар, ки барои ширкат дар як нишасти байнулмилалӣ аз Душанбе ба Бишкек парвоз кард, дар фурудгоҳи Манас боздошт гардида, мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Ба ӯ иҷозаи вуруд ба Қирғизистон надоданд ва маҷбуран ӯро ба Душанбе бозпас фиристоданд.

Сабаби ин иқдом аз ҷониби мақомоти Қирғизистон ҳанӯз шарҳ дода нашудааст. Намояндагони мақомоти интизомӣ ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори беиттилоӣ мекунанд.

Хонум Баҳриева ҳамчун ҳомии ҳуқуқи башар мебоист дар як ҳамоиши ҳуқуқшиносон дар Бишкек ширкат мекард. Ҳамкасби ӯ аз Қирғизистон Азиза Абдурасулова, ки аз ин ҳодиса бохабар мебошад, сабаби ҷилавгирӣ аз вуруди Нигина Баҳриева ба Бишкекро чунин шарҳ дод:

«Таи чанд соли ахир аст, ки мақомоти амниятии Қирғизистон вуруди ҳомиёни ҳуқуқи башар аз кишварҳои дигарро иҷоза намедиҳанд. Хусусан, онҳоеро, ки дар миқёси байналмилал қарор доранд. Чанд тан аз ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла Нигина Баҳриева, аз тарафи хадамоти амнияти Қирғизистон ба феҳрасти шаҳрвандони мамнӯъулвуруд ворид шудаанд. Зеро Баҳриева аз ҷумлаи ҳуқуқшиносоне аст, ки дар Бишкек ба масоили ҳуқуқӣ аз ҷумла масъалаи маҳкумшудагон ба зиндонҳои Қирғизистон машғул шудааст. Ва чунин ҳомиёни ҳуқуқ маъмулан ба мақомоти амниятии Қирғизистон писанд нестанд. Нигина Баҳриева бо ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз ҳамкории фаъол дошт ва роҷеъ ба масоили ҳуқуқ барои ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз ахбор медод ва санадҳо пешинҳод мекард.»

Нигина Баҳриева қаблан дар дафтари ҳуқуқи башар ва назорати қонун дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Ҳоло ҳамчун ҳомии ҳуқуқи башари мустақил дар Душанбе кору зиндагӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG