Пайвандҳои дастрасӣ

Умаров "Невский Экспресс"-ро тарконидааст?


Ҷангҷӯёни исломӣ масъулияти ҳамла болои қатораи роҳи оҳанро бар дӯш гирифтанд.

Як сомонаи интернетии марбут бо ҷудоихоҳони чечен иддао дорад, ки гурӯҳи ҷангҷӯёни исломии Қафқози шимолӣ паёме навишта, масъулияти ҳамла болои қатораи роҳи оҳан бо номи "Невский Экспресс"-ро бар дӯш гирифтааст. Ба қавли ҷангҷӯён, ҳамларо бо фармони Доку Умаров иҷро кардаанд.

Умаров худро амири Қафқоз унвон дода, кӯшиш кардааст, бо ҳадафи ҷорӣ намудани шариати исломӣ дар Қафқози шимолӣ ҳамаи ҷангҷӯёни исломиро муттаҳид созад.

Дар саҳифаи KavkazCenter.com ҷангҷӯён навиштаанд, бомбгузории ҳафтаи гузашта дар роҳи ҳаракати қатораи Маскав-Санкт-Петербург яке аз ҳамлаҳои тарҳрезишуда болои ҳадафҳои стратегии Русия аст, ки ибтидои соли равон ба нақша гирифта шудааст. Ҷангҷӯён ҳамчунон ҳушдор додаанд, ки "то замони идомаи куштори мусулмонони одӣ аз тарафи мақомоти Русия" хотима нахоҳанд ёфт.

Манбаъҳои мустақил гузориши KavkazCenter.com-ро арзёбӣ накардаанд, вале ҳукумати Русия мегӯяд, ки иддао дар мавриди ҳамлаи террористӣ болои "Невский Экспресс" воқеият надорад.

Ба қавли баъзе шореҳон ҳамла ва гаравгонгирии хонандагони мактаби шаҳри Беслан дар соли 2004-ум ва сӯиқасди ноком болои президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров таҳти сарпарастии Доку Умаров ба амал омадаанд. Баъди ҳамла болои Евркуров ҳукумати Русия эълон кард, ки дар ҷараёни кофтукови террористон Умаров ба қатл расид ва ё ҳадди ақалл ҷароҳати вазнин бардоштааст. Вале дар моҳи июл Умаров бо Радиои Озодӣ тамоси телефонӣ гирифта, иброз дошт, ки дар Чеченистон асту бо тарҳрезии ҳамлаҳои нав машғул мебошад.

Умаров гуфт, дар марзи Чеченистону Доғистон размандагони гурӯҳҳои мухталиф ҷамъ шудаанд. Ба қавли Умаров, ӯ размандагон ва аслиҳаро барои эҳёи гурӯҳи исломии Риёз-ус-Солиҳин шурӯъ кардааст. Гурӯҳи ёдшуда зери фармони Шомил Басаев буд, ки дар соли 2006 ба ҳалокат расидааст.

Умаров ба радиои Озодӣ гуфт, феълан тамоми ҳамлаҳои муҷоҳидин бо фармони ӯ роҳандозӣ мешаванд ва "касе бидуни тасдиқи ӯ иқдоме намекунад".

Аслон Аюбов, хабарнигори бахшии қафқозии Радиои Озодӣ, мегӯяд, равобити Басаеву Умаров собиқаи тӯлонӣ доштанд:
"То ҷое ман медонам, Доку Умаров солҳои тӯлонӣ дӯст ва ҳамяроқи Шомил Басаев буд. Онҳо ҳамроҳ дар ҳукумати зери раҳбарии Аслон Масҳадов ифои вазифа мекарданд. Баъдан ҳар ду узви ҳукумати Абдуҳалим Саъдуллоев буданд, ки баъди куштори Масҳадов рӯи кор омада буд. Хуллас, онҳо ҳар ду дар мавриди сарнавишти минбаъдаи Қафқоз назари воҳид доранд. Онҳо дар ҷабҳаҳои мухталиф меҷангиданд. Ба фикри ман дар байни размандагони қаторӣ Басаев назар ба Умаров эътибори бештар касб карда буд."
XS
SM
MD
LG