Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба тарҳи нави Обама барои Афғонистон


Барномаи нави раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, барои Афғонистон ва Покистон вокуниши НАТО ва ҳампаймонҳои ИМА, мақомоти Афғонистон ва Ироқ, ду кишваре, эътилофи байнулмилал дар онҳо таҳти сарварии Амрико даргир аст, ба бор овард.

Дар ҳоле ки Обама, тасмим гирифтааст, 30 000 сарбози тозанафас ба Афғонистон фиристад, тибқи хабарҳо, як қисми ин нерӯи навро бояд НАТО таъмин кунад. Аммо Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Андерс Фоғ Расмуссен, бо вуҷуди таъкиди он ки ҷанги Афғонистон ҷанги фақат Амрико нест, гуфт, НАТО метавонад, 5 ҳазор сарбози илова ба Афғонистон бифиристад.

Расмуссен гуфт: "Ман метавонам, тасдиқ кунам, ки ҳампаймонҳо ва шарикони мо кори бештаре хоҳанд кард. Дар соли 2010 аъзои ғайриамрикоии паймон камаш 5 ҳазор сарбози илова ба ин амалиёт хоҳанд фиристод. Ва шояд боз чанд ҳазор нафари дигар бар замми ин."

Ин дар ҳолест, ки Вашингтон мехоҳад, кишварҳои паймон ба Афғонистон 10 000 сарбози иловагӣ фиристанд. Британия гуфтааст, ба таври илова 500, Лаҳистон 600 сарбоз омода кардаанд, вале Фаронса ва Олмон ҳанӯз аз ин намунаҳо пайравӣ накардаанд. Интизор меравад, ки тасмими ниҳоии НАТО дар конфаронси кишварҳои узв охири моҳи январ гирифта шавад.

Дар масъалаи замонбандии хуруҷ аз Афғонистон, нуктаи дигаре аз паёми президент Обама, Расмуссен гуфт, тасмими НАТО дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узв муайян хоҳад шуд. Дабири кулл аммо гуфт, хуруҷ аз Афғонистон ба сатҳи омодагии нерӯҳои Кобул бастагӣ хоҳад дошт.

Сарвазири Британия, Гордон Браун, гуфт, афзоиши нерӯ бояд бо афзоиши талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳампо бошад. Вазири умури хориҷии Олмон, Гвидо Вестевелле, аз он нуктаи барномаи нави Обама пуштибонӣ кард, ки бӯҳрони Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва тамаркуз бояд рӯи ҳалли сиёсӣ қарор бигирад. Вай афзуд, кишвараш ба омӯзониши полиси Афғонистон ҷиддитар камар хоҳад баст.

Дар ҳоле ки вокунишҳо ба паёми Обама дар Афғонистон мухталифу омехтаанд, ба сурати умум ин паём аломати таваҷҷӯҳи тоза ба масъалаҳои деринаи ин кишвар шумурда мешавад. Содиқ Юсуфӣ, як журналисти ҷавон мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бояд бештар ба тақвияти артиш ва полиси Афғонистон диққат дода шавад.

Замонбандии хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон вазири умури хориҷии ин кишвар, Рангин Додфар Сипанто мӯҳлати кофие барои таҳкими нерӯҳои афғон донист. Тибқи барномаи Обама хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон бояд дар моҳи июли соли 2011 сар шавад. Сипанто мегӯяд, 18 моҳ кофӣ хоҳад буд, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон масъулияти амнияти ин кишварро бар дӯши худ бигиранд.

Бисёриҳо бо шунидани нутқи Обама ба хулосае омаданд, ки вай мехоҳад, намунаи Ироқро дар Афғонистон амалӣ кунад. Вале ноиби вазири муколамаи миллии Ироқ, Саъд ал-Мутталибӣ гуфт, тафовут дар байни ду кишвар хеле зиёд аст ва Афғонистон он зербинои омодаеро надорад, ки Ироқ дорад. Аз ин лиҳоз, кор дар Афғонистон ба маротиб бештар аст.

Дар худи Амрико низ вокунишҳо ба барномаи нави Обама дар Афғонистон гуногунанд. Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" менависад, амрикоиҳо тамоми далелҳоро доранд, ки аз ҷанг дар Афғонистон на танҳо дилсард, балки хамшгин бошанд. Пас аз ҳашт соли ҷанг, талаф шудани 800 сарбози амрикоӣ ва харҷи зиёда аз 200 миллиард доллар, шоҳиди дубора нерӯ гирифтани Толибон ва нотавонию қонунмандии заъифи ҳукумати афғон будан барои онҳо хушоянд нест.

Аммо вақте амрикоиҳо давраи Бушро ба ёд меоранд, менависад рӯзнома, мебинанд, ки сиёсати он давра самти мушаххас ва шаффоияту масъулияте надошт. Ва барномаву замонбандии хуруҷ низ маълум набуд. Ҳоло шубҳаи амрикоиҳо танҳо дар ин аст, ки чигуна Обама ин барномаро сармоягузорӣ ва амалӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG