Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз вазъи зарардидаҳои Хуросон


Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз вазъи ногувори хонаводаҳое, ки аз обхезиҳои баҳори имсол дар ноҳияи Хуросон зарар диданд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Мақомоти ин созмони имдодрасон дар Душанбе бо пахши изҳороте гуфтанд, ки ҳамоно беш аз ҳазор сокини Хуросон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, бо наздикшавии сардиҳо бидуни сарпаноҳу ҷои зисти муносиб ба сар мебаранд. Баъзе аз онҳо шабро дар хаймаҳо, мактаб ва ё манзили хонаводаҳои ҳамсояву хешу табор рӯз мекунанд. То ҳол ҳудудан се ҳазор нафаре, ки аз макони офатҳо кӯч дода шудаанд, наметавонанд барои идомаи зисту зиндагӣ ба хонаҳои харобшудаи худ баргарданд.
Эҳтиёҷот ин аст, ки хонаҳои боқимонда бояд таъмир шаванду масъалаи таъминоти беҳдоштии осебдидаҳо, ки ба он аслан расидагӣ нашудааст, низ бояд ҳалли худро ёбад. Яъне, ниёзи аслии онҳо ҳоло сарпаноҳ ва муроқибати тиббӣ аст...


Иля Тодорович, ҳамоҳангсози барномаҳои СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо намояндаҳои созмонҳои имдодрасони дигар, ба мисли UNICEF, Caritas ва ҳукумати Бритониё барои арзёбии эҳтиёҷоти сокинони Хуросон аз маҳалли буду боши онҳо дидан кардааст. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки хаймаҳои ин мардум ба фасли тобистон мувофиқ буда, вале ба сардиҳои зери дараҷаи сифр, ки тоза фаро мерасад, аслан мутобиқат намекунад:

“Мо бо ҷараёни сохтмони манзилҳо барои осебдидаҳо шинос шудем. Вазъият ингуна аст, ки ба ин мардум боз 250 манзили бештари дигар лозим аст, чунки беш аз як ҳазор мардуми бехона бояд сарпаноҳе дошта бошанд. Баъзе аз онҳо барои муваққат дар мактаб шабро рӯз мекунанд. Ва онҳо пайваста зери фишор қарор доранд, ки бояд мактабро барои таҳсили хонандаҳо холӣ кунанд. Баъзе дигарҳо дар интизори анҷоми сохтмони манзилҳояшон дар хонаҳои хешу табор мемонанд”.

СММ мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди хонаҳои нав замин ҷудо карда, баъзе созмонҳои имдодрасону соҳибкорон ва ташкилоти мазҳабӣ барои беш аз 150 хонавода манзилҳои нав бунёд карданд. Сохтмони 45 хонаи навро ҳоло бо пули ҳукуматҳои Швейсарияву Бритониё созмони Caritas ба роҳ мондааст. Ташкилоти кӯмакрасони дигар ҳоло дар ин минтақаи зарардида аз обхезиҳои моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ бо бунёди шабакаҳои обгузар машғул буда, барои мардум бо маводи эҳтиёҷи аввалия кӯмак мекунанд. Вале ҳамаи ин кофӣ нест, мегӯяд СММ. Иля Тодорович гуфт, ки то ҳол аз эҳтиёҷоти куллии мардуми Хуросон фақат 21 дар садаш таъмин шудаасту халос, ки он ҳам асосан ба бахши таъмини об ва гигиенаву покизагии мардум вобаста мебошад ва ҳоло ниёз ба маблағгузории бештар лозим аст:

“Эҳтиёҷот ин аст, ки хонаҳои боқимонда бояд таъмир шаванду масъалаи таъминоти беҳдоштии осебдидаҳо, ки ба он аслан расидагӣ нашудааст, низ бояд ҳалли худро ёбад. Яъне, ниёзи аслии онҳо ҳоло сарпаноҳ ва муроқибати тиббӣ аст”.


СММ дар муроҷиат ба донорон ва ҳукуматҳои хориҷӣ тақозо кардааст, ки барои кӯмак ба ин мардум ҳоло 7,7 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ироаи ин маблағҳоро ин ниҳоди кӯмакрасон аз ҳукумати Бритониё, Амрико, Канада, Русия, Аврупои Ғарбӣ ва дигар дӯстони Тоҷикистон интизор аст.

“Ин пули калон нест ва мо ба маблағҳои фавқулодда зиёд ниёз надорем. Аз ин рӯ, мо умедворем, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар чунин мавсими сармо саховату бахшояндагӣ нишон дода дар ироаи маблағҳои боқимонда иқдом хоҳанд кард”.

Вай афзуд, ки сарнавишти мардуми дар пешорӯи сардиҳои шадид дар ҳолати хеле ногувору бад монда наметавонад мояи нигаронӣ набошад ва аз ин рӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар фурсати наздик масъалаи кӯмаки молӣ ҳалли худро пайдо мекунад.

Бар асари обхезиҳои шадиди баҳори имсол сокинони ноҳияи Хуросон назар ба манотиқи дигари вилояти Хатлон осеби бештар дида деҳаҳои “18-ум партсъезди болову поёни” ҷамоати Айнӣ пурра тахриб шуданд. Дар паи ин обхезиҳо беш аз 500 хонавода бехонаву дар шуданд.
XS
SM
MD
LG