Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмак ба сокинони Хуросон шуд


СММ аз вазъи ногувори хонаводаҳои бар асари обхезиҳои баҳори имсол зарардида дар ноҳияи Хуросон изҳори нигаронӣ кардааст. Мақомоти ин созмон дар Душанбе гуфтанд, ки ҳамоно беш аз ҳазор сокини Хуросон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон бо наздикшавии сардиҳо бидуни сарпаноҳу ҷои зисти муносиб ба сар мебаранд. Иля Тодорович, ҳамоҳангсози барномаҳои СММ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт:

“Вазъият ингуна аст, ки ба ин мардум боз 250 манзили бештари дигар лозим аст, чунки беш аз як ҳазор мардуми бехона бояд сарпаноҳе дошта бошанд”.

СММ мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди хонаҳои нав замин ҷудо карда баъзе созмонҳои имдодрасону соҳибкорон ва ташкилоти мазҳабӣ барои беш аз 150 хонавода манзилҳои нав бунёд карданд. Вале ҳамаи ин кофӣ нест. СММ дар муроҷиат ба донорон ва ҳукуматҳои хориҷӣ тақозо кардааст, ки барои кӯмак ба ин мардум ҳоло 7,7 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Бар асари обхезиҳои шадиди баҳори имсол сокинони ноҳияи Хуросон назар ба манотиқи дигари вилояти Хатлон осеби бештар дида деҳаҳои “18-ум партсъезди болову поёни” ҷамоати Айнӣ пурра тахриб шуданд. Дар паи ин обхезиҳо беш аз 500 хонавода бехонаву дар шуданд.
XS
SM
MD
LG