Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Покистон ва истиқболи муттафиқон


Имрӯз Покистон аз ИМА даъват кард, ки бо Исломобод дар амри иҷрои стратегияи наваш дар Афғонистон ҳамкорӣ кунад, то ки аз ҳама гуна паёмадҳои нохушоянд ҷилавгирӣ шавад. Даъвати вазорати хориҷаи Покистон аз Амрико баъди он садо дод, ки президент Барак Обама дар бораи ирсоли 30 ҳазор сарбози бештари амрикоӣ ба Афғонистон хабар дод. Мақомоти Покистон изҳори нигаронӣ карданд, ки истиқрори нирӯҳои бештар боиси аз марзҳо убур кардани шумори зиёди ҷангиён хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, муттафиқони ИМА аз тасмими ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон истиқбол карданд. Дабири кулли НАТО гуфт, ки давлатҳои муттафиқ ба ин васила саҳми худро низ афзоиш хоҳанд дод. Андерс Фог Расмуссен гуфт, ки кишварҳои узви паймони низомии НАТО омодаанд 5000 сарбози бештарро ба Афғонистон сафарбар кунанд. Нахуствазири Бритониё Гордон Браун, ки аз ҳоло тааҳҳуд кардааст 500 сарбози бештарро фиристад, аз шарикон даъват кард, ки дар атрофи стратегияи Обама муттаҳид шаванд. Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ пуштибонии худро аз ин стратегия изҳор кард, вале гуфт, ки Париж то баргузории конфронси байналмилалии Афғонистон, ки бояд моҳи январ дар Лондон баргузор шавад, интизор мемонад. Айнан ҳамингуна мавқеъро садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам баён кардааст. Феълан дар Афғонистон 70 ҳазор сарбози амрикоӣ ва 42 ҳазор артиши хориҷӣ мустақар ҳастанд.
XS
SM
MD
LG