Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама сарбозони иловагиро ба Афғонистон мефиристад


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама эълон кард, ки тибқи тасмими гирифтаи ӯ ИМА ба Афғонистон барои мубориза бо ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида 30 ҳазор сарбози бештар сафарбар мекунад. Изҳороти мазкур шоми дирӯз дар фарҳангистони низомии Вест Поинт дар аёлати Ню-Йорк садо дод. Обама инчунин гуфт, ки баъзе низомиёни амрикоӣ метавонанд Афғонистонро аз моҳи июли соли 2011 сар карда тарк кунанд. Истиқрори 30 ҳазор сарбози бештар дар Афғонистон шумори куллии низомиёни амрикоиро дар ин кишвар ба 100 ҳазор нафар баробар мекунад. Эълони Обама баъди баррасии семоҳаи стратегияи ҷанг дар Афғонистон садо дод. Генерал Стенли Маккристал, фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико дар Афғонистон имрӯз гуфт, ки вай барои идомаи амалиёт “рисолати хеле мушаххаси низомӣ” ва захираҳои кофӣ дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG