Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оилаи ҷавони Саттор Тошев ва Манзура Туфалонова бо ду фарзанди дӯструякашон дар хонаи хешовандон зиндагӣ мекунанд ва ҳар рӯз ба онҳо хотирнишон мешаванд, ки бояд сарпаноҳи дигар пайдо кунанд.

Саттор ва Манзура модарзодӣ аз забон маҳруманд ва ҳарф зада наметавонанд, то сабаби бесарпаноҳ мондани худро шарҳ диҳанд ва аз зиндагӣ дарди дил кунанд. Онҳо бо ду кӯдакашон маҷбуранд, дар хонаи падари Манзура,Туфалон Туфалонов, зиндагӣ кунанд.

Чун Манзураву Саттор лоланд, ба ҷои онҳо апаи Манзура -- Рамзия Туфалонова, изҳор дошт, ки ин хонаводаи домод аз бонк қарздор буд ва ҳамин қарз сабаб шуд, ки волидайни Саттор хонаашонро фурӯшанду қарзро кананд ва бо пули боқимонда аз вилоят бадар раванд. Онҳо фикр накарданд, ки пасарашон Саттор, ҳамсари ӯ -- Манзура ва ду кӯдаки ин оилаи ҷавон дар кӯча хоҳанд монд.

Ба гуфтаи Рамзия, худи вай пас аз марги шавҳараш сарбории падару модар шуда, бо ду фарзанди ятимаш дар хонаи падараш -- Туфалон Туфалонов ба сар мебурд, аммо ба хотири дар кӯча намондани оилаи Саттору Манзура падарашон маҷбур шуд, ки онҳоро низ пазирад.

Акнун падару модар, Рамзия бо ду фарзандаш ва Саттору Манзура низ бо ду фарзанд, ҷамъан 8 нафар дар як маскани танг ба сар мебаранд ва маълулон Саттору Манзура бояд сарпаноҳи дигаре пайдо кунанд.

Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Худобердиев маҳрумияти маълулонро аз манзил мушкилоти ҳуқуқӣ арзёбӣ намуда, гуфт, он бояд дар асоси баҳси додгоҳӣ ҳал гардад.

Ташриф Завқибеков, раҳбари ҷамъияти кару гунгҳои Бадахшон, гуфт, агар ҳуқуқи аъзои маълули хонавода ба манзил ҳангоми ба фурӯш гузоштани он риоя мешуд, аз афзоиши ҳодисаҳои сарсону саргардон шудани маълулон ҷилавгирӣ мекард. Ба гуфтаи Ташриф Завқибеков, ҷамъият ба мушкилоти бештар аз 400 маълул дар Бадахшон расидагӣ мекунад. Вай афзуд, маълулон аз камбизоаттарин афроди ҷомеа мебошанд ва аз 85 узви ҷамъият дар маркази вилоят танҳо 12 нафарашон ба ягон шуғле банд мебошанд.

Аммо дар рӯзгори маълулони ҷамъият саҳифаҳои рангин низ кам нест. Танҳо таи як моҳ се ҷуфт оила барпо карданд. Бахтибегим ва Файзмамад яке аз чунин оилаҳо ҳастанд, ки худро дар канори ҳам хушбахт ҳисоб мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG